Дар Тоҷикистон аз 1 октябр нархи неруи барқ ва гармӣ боло меравад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки аз 1 октябр таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи неруи барқ барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО), боло бурда шавад. Ба неруи гармӣ низ.

Қарори марбутаи ҳукумат дар нашрияи “Ҷумҳурият” чоп шудааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрия аз чопи замима ба қарор, ки дар он барои ҳар як категория нишондиҳандаи болоравии таърифа нишон дода мешавад, худдорӣ намудааст. Солҳои пешин нарх ба неруи барқ ва гармӣ ба ҳисоби миёна ба андозаи 15% зиёд мешуд.

Болоравии нарх ба барқ як каме ногаҳонӣ аст, зеро моҳи марти ҳамин сол ҳукумат нақшаи зиддибуҳронӣ қабул намуд, ки дар он то охири соли 2022 ба “мавқуф гузоштани болоравии нарх ба хидматрасониҳои коммуналӣ (неруи барқу гармӣ ва об), боркашонии нақлиётӣ, хидматрасониҳои тиббӣ ва дар соҳаи маориф” дастур дода шуда буд.

Таърифаҳои неруи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва минбаъд ҳамасола боло бурда мешуданд.

Соли 2020 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз бори навбатӣ боло бурдани нархҳо худдорӣ варзад.

Моҳи майи соли гузашта барои бозбинии таърифаи барқ дар назди Агентии зиддиинҳисорӣ гуруҳи кории махсуси байниидоравӣ таъсис дода шуд, лекин нархҳо боло нарафтанд.

Ба сурати умум, тайи даҳсолаи ахир таърифаҳои неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 баробар афзуданд: аз 9 дирам дар моҳи январи соли 2010 то ба 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019.

Кӣ чӣ қадар пардохт мекунад?

Истеъмолгарони неруи барқ дар Тоҷикистон ба 10 категория бо таърифаҳои гуногун тақсим шудаанд, аз ҷумла:

– барои истифодаи нерӯи барқ дар дегҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқӣ бо мақсади таъмини оби гарм ва гармкунии биноҳо – 136,62 дирам барои 1 киловатт (бахши ғайрибуҷетӣ) ва 40,37 дирам (мақомоту муассисаҳои буҷетӣ);

– барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 55,14 дирам;

– барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 22,66 дирам;

– барои нақлиёти барқӣ (троллейбус) – 22,66 дирам;

– барои аҳолӣ (бо назардошти ААИ) -22,66 дирам;

– барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1 октябр то 31 март – 22,66 дирам;

– барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 7,87 дирам;

– барои ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1 май то 30 сентябр – 9,68 дирам, аз 1 октябр то 30 апрел – 55,14 дирам;

– барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 10,76 дирам;

– барои ТАЛКО аз 1 май то 30 сентябр – 7,20 дирам, аз 1 октябр то 30 апрел – 11,80 дирам.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...