Раҷаббой Аҳмадзода: Сарҳад ором аст, қувваҳои иловагӣ берун кашида шуданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” натиҷаи музокирот бо Абдукарим Олимбоев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистонро, ки имрӯз дар пайи тирпарронии сарҳадбонони ду кишвар, барои ба эътидол овардани вазъ баргузор гардид, шарҳ дод.

Ӯ, ки бо мо вақти шом сӯҳбат мекард, гуфт, худи ҳозир музокироти ҳайати Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расид ва вазъ ором буда, ҳолати қаблӣ баргаштааст.

“Натиҷаҳо хуб аст, боз ба ҳолати пештара баргаштем. Ҳозир ягон хел проблема нест, мардум осудаҳолона зиндагӣ карда истодаанд. Мо ҳамроҳи раиси вилояти Бодкент, мақомоти қудратӣ музокирот доштем ва дар натиҷаи он, ситоди вилоятӣ ташкил кардем. Сарҳад ором, тинҷ ва ба ҳолати пештара баргаштааст”, – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Номбурда афзуд, ҳамаи қувваҳои иловагии ба марзи ду кишвар интиқолёфта, айни ҳол бароварда шудаанд ва вазъ зери назорат аст.

Раиси вилоят бо сабаби бад будани мавҷи телефон оид ба натиҷаи музокирот шарҳи бештар надод ва гуфт, ӯ ҳоло дар марз аст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Қирғизистон бо такя ба Нерӯҳои марзбонии ин кишвар хабар медиҳанд, ки дар пайи музокироти ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон созиш шуд, ки “намояндагони сарҳадӣ, бо мақсади назорати вазъ дар сарҳад, дар минтақаи Торт-Кочо мустақар мешаванд, ҳайати кормандони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои марзӣ дар мавзеи Торт-Кочо посбонӣ мекунанд, соати 19:30 дар мавзеи Торт-Кочо мулоқоти навбатӣ баргузор мешавад, ки дар он сарони отрядҳои сарҳадии тарафҳо ширкат мекунанд ва мулоқоти навбатии раҳбарияти ду вилояти марзӣ дар мавзеи Кӯксой баргузор мешавад”.

Музокирот байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди зуҳри имрӯз, 14-уми сентябр, пас аз чанд ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи ду кишвар, дар минтақаи бетараф миёни деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара ва мавзеи Каробоғи ноҳияи Бодканди Қирғизистон баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз субҳи имрӯз, дар чанд минтақаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон байни марзбонони ду кишвар тирпаронӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи тирпаронӣ 2 марзбони тоҷик кушта шуда, 11 тани дигар, бо шумули 6 сарҳадбон ва 5 сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Ҷониби Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани 2 сарбоз ва 2 сокини маҳаллӣ  хабар дод.

Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон субҳи имрӯз танҳо ҳодисаи якумро тасдиқ намуд ва бо пахши иттилоия гуфт, ки тақрибан соати 07:15, дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт.

“Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”, – омадааст дар иттилоияи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...