Таъқиб, фишор ва пулситонӣ. Натиҷаи дар симои Тоҷикистон офаридани образи “душман” дар Қирғизистон

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 22-юми сентябр дар як изҳороти хеш оид ба афзоиши мавридҳои таъқибу табъизу тарсондани шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни давлати Қирғизистон хабар дод.

Дар изҳороти ВКХ гуфта мешавад, ки 14-уми сентябр мақомоти маҳаллии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон мағозаҳои тоҷикони сокини ин ноҳияро бастанд ва шаҳрвандони қирғизи аз манотиқи марзӣ кӯчондашударо ҳадафмандона дар хонаҳои тоҷикони сокини ноҳияи Қадамҷой ҷой карданд.

Рӯзи 18 сентябр кормандони раёсати КДАМ дар ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои аҳли оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон Неъматовҳоро бо мақсади депортатсияи маҷбурии минбаъдаи онҳо мусодира кардаанд.

18 сентябр афроди ношинос шишаҳои мошини шаҳрванди Тоҷикистон А.Ҳамдамовро, ки  дар шаҳри Бишкек муваққатан иқомат дошт, шикаста, танаи мошинашро пур аз ранг кардаанд.

Рӯзи 19 сентябр шаҳрванди Тоҷикистон А.М.Алиевро бе фаҳмондани сабаби боздошташ ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек овардаанд. Дар ҷараёни бозҷӯӣ, ки 9 соат давом кард, ӯро латтукӯб кардаанд. Алиевро танҳо баъди аз ӯ гирифтани 15 ҳазор сом (қариб 200 доллар) ҷавоб додаанд, вале шиносномаи модараш дар дасти милисаҳо боқӣ мондааст.

Вазорат гуфтааст, ҳамчунин 19 сентябр, 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Донишкадаи авиатсионии Қирғизистон таҳсил мекунанд, баъди бозпурсӣ бо истифодаи шеваи фишори равонӣ кормандони КДАМ ин кишвар аз Қирғизистон ихроҷ кардаанд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, иттилое вуҷуд дорад, ки мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ  аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.

Таъкид мегардад, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ин сиёсати таъқиби шаҳрвандонаш ва тоҷикони муқими Қирғизистонро натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман мешуморад ва аз мақомоти Қирғизистон талаб мекунад, то барои роҳ надодан ба чунин таъқиботи тоҷикҳо дар қаламраваш чораҳои оҷил бияндешад.

ВКХ аз ҷониби Қирғизистон ҳамчунин, хостааст амнияти Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, кормандон он ва аъзои оилаи онҳоро дар асоси қонунҳои байналмилалӣ таъмин намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...