17 ҳазор сомонӣ то Душанбе. Нархи билет аз Русия ба Тоҷикистон меафзояд

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Пас аз эълони қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ дар Русия нархи билетҳои ҳавопаймо ба кишварҳои ба истилоҳ “бехатар”, аз ҷумла Тоҷикистон бамаротиб боло рафт.

Аз ҷумла рӯзи 22 сентябр дар онлайн-сервиси aviasales.tj билет ба яке аз хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” бо масири Маскав-Душанбе 101 ҳазору 755 рубл (зиёда аз 17 ҳазор сомонӣ) нарх дошт.

Билети арзонтарин аз Маскав ба Душанбе рӯзи 22 сентябр дар хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ва «NordStar» дар ин сервис 39 ҳазору 722 рубл зикр шуда буд.

Дар ҳамин сервис нархи билети ширкати ҳавопаймоии Somon Air 24 ҳазору 545 рублро ташкил медиҳад.

Дар ширкати “Сомон Эйр” ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки нархи билети онҳо ба хатсайрҳои самти Русия тағйир наёфтааст.

“Нархи мо ба хатсайрҳо аз шаҳрҳои Русия тағйир наёфтаанд. Шояд нархҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тағйир ёфта бошанд. Сабабаш ба мо номаълум аст”, – гуфтанд дар Somon Air.

Нархҳо ба хатсайрҳо натанҳо аз Маскав ба Душанбе, балки аз дигар шарҳои Русия низ тағйир ёфтаанд.

Ба гуфтаи яке аз корбарони мо, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, агар ду рӯз пеш билет аз Екатеринбург ба Душанбе 10-11 ҳазор рубл нарх дошт, пас имрӯз онро бо 46 ҳазор рубл ёфтан мумкин аст.

Нархи билетҳо аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Душанбе дар рӯзҳои гуногун ин моҳ тариқи зайланд:

Аз Санкт-Петербург ба Душанбе.

Аз Екатеринбург ба Душанбе.

Аз Волгоград ба Душанбе.

Нархи билетҳо ба кишварҳои ИДМ дарҳол баъди чанд соати эълони қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ тағйир ёфтанд.

Дар давоми як шабонарӯз ҳамаи билетҳо ба Дубай, Ереван, Остона ва Истанбул барои рӯзҳои наздик харида шуда, талаботи зиёд ба 10-15 баробар болоравии нарх ба ин самтҳо боис гардид.

“Пас аз эълони қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ нархи билетҳои ҳавопаймо ба самтҳои ҷудогонаи серталаби байнулмилалӣ 10-15 баробар боло рафтанд”, – менависад “Коммерсант” бо истинод ба таҳқиқоти худ.

Шаби 21 сентябр нархи билетҳои ширкати ҳавопаймоии Red Wings аз Маскав ба Ереван аз 16 ҳазор рубл сар мешуданд. Замони нашри хабар ин нишондиҳанда аллакай 154,7 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...