Хисороти Тоҷикистон ҳисоб нашудааст. Қирғизистон зиёни кишварашро 18 млн. доллар ҳисоб кард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бо гузашти панҷ шабонрӯз аз имзои протокол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи сарҳадӣ ва берун кашидани нерӯҳои иловагию техникаи вазнин, то ҳол Тоҷикистон хисороти аз ин низоъ расидаро дақиқ накардааст. Қирғизистон зарари  молияшро 18 млн. доллар эълон кардааст.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” вобаста ба хисороти аз низоъ воридгардида гуфт, “ҳеч гуна маълумот дар даст надорам ва мушаххасан чизе гуфта наметавонам”.

Ба гуфтаи Умеда Юсупова, ҳаҷми хисорот аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд ҳисоб мешавад.

Музаффар Юсуфзод, сухангӯи раиси вилояти Суғд низ маълумоти дақиқ дар бораи хисороти воридгардида ироа накард.

Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “барои ҳисоби хисороти молӣ гурӯҳи корӣ ташкил шудаааст ва масъулин дар ҳама ҷамоатҳо зиёнҳои дар пайи таҷовузи низомии Қирғизистон воридшударо ҳисоб мекунанд”.

Ба таъкиди Музаффар Юсуфзод, хисороти воридшуда дар аксари ҷамоатҳои наздимарзии зиёд аст ва комиссияи корӣ бо ҳисобкунӣ машғуланд.

“Иншооти зарардида хеле зиёд аст. Дар пайи ин ҳуҷуми таҷовузкоронаи қирғизҳо, хонаҳои зиёд комилан сӯхта, дороиҳои мавҷудбуда ва ҷиҳози ба хок яксон ҳисоб шуда истодаанд”, – гуфт сухангӯи раиси вилояти Суғд.

Музаффар Юсуфзод гваъда дод, ки давоми 2 рӯзи минбаъда омори дақиқи хисорот ба расонаҳо хабар дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Азия-Плюс”, ки ба маҳалли муноқиша сафар карда буд, аз вазъи ҳузнангез ва хароби деҳаҳо гузориш медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки кӯчаҳо беодам, хонаҳои зиёди сокинони осоишта хароб, автомашинаҳо сӯхта ва дар баъзе иншоот оташ ҳоло ҳам фурӯзон аст.

“Дар деҳаи Сомониён ҳудуди 35 хона пурра сӯхтааст. Барқарор намудани ягона мактаби деҳа, ки дар он ҳудуди 300 нафар таҳсил мекарданд, низ ғайриимкон аст. Бунгоҳи тиббии чанде пеш сохтмонаш оғозгардида, низ тахриб шудааст. Бар асари осеб дидани трансформатор як ҳафта боз дар деҳаи Сомониён барқ нест”, – раиси ҷамоати Чоркӯҳ.

Ҳоло маълум нест, ки дар дигар ҷамоатҳои наздимарзии Тоҷикистон чӣ қадар хисороти молӣ расидааст ва дар ин муноқиша кадом иншоот хароб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар муноқишаи марзии рӯзҳои 14-17-уми сентябр миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон талафоти ҷонӣ 41 нафар, бино ба ҳисоби расонаҳои кишвар 70 нафар сокини Тоҷикистон ҳисобида шуданд. Ҷониби Қирғизистон расман аз кушта шудани 59 нафар хабар медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...