Оғози корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурхи Исфара

Дирӯз, 22-уми сентябр Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара рафта, аз хонаҳои сокинон, ки бар асари даргириҳои ахири марзӣ тахриб шуда буданд, дидан намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Гуфта мешавад, раиси вилоят аз тамоми манзилҳои истиқоматии харобшудаву зарардида дидан карда, […]

Asia-Plus

Дирӯз, 22-уми сентябр Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара рафта, аз хонаҳои сокинон, ки бар асари даргириҳои ахири марзӣ тахриб шуда буданд, дидан намуд.

Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, раиси вилоят аз тамоми манзилҳои истиқоматии харобшудаву зарардида дидан карда, барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии нерӯи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулини вилоят ва шаҳри Исфара супоришҳои мушаххас дод.

"Барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи сарвари давлат қарор дошта, аз пойтахти мамлакат барои зарардидагон маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд", – омадааст дар хабарнома.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои дар муҳлати кутоҳтарин барқарор намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 ба шахсони масъул дастур дод.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи муноқишаи низомии Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 14 то 18-уми сентябр идома кард, даҳҳо хонаву иншооти дигар дар минтақаҳои наздимарзӣ вайрону валангор шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.