Хисороти Тоҷикистон ҳисоб нашудааст. Қирғизистон зиёни кишварашро 18 млн. доллар ҳисоб кард

Бо гузашти панҷ шабонрӯз аз имзои протокол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи сарҳадӣ ва берун кашидани нерӯҳои иловагию техникаи вазнин, то ҳол Тоҷикистон хисороти аз ин низоъ расидаро дақиқ накардааст. Қирғизистон зарари  молияшро 18 млн. доллар эълон кардааст. Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бо гузашти панҷ шабонрӯз аз имзои протокол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи сарҳадӣ ва берун кашидани нерӯҳои иловагию техникаи вазнин, то ҳол Тоҷикистон хисороти аз ин низоъ расидаро дақиқ накардааст. Қирғизистон зарари  молияшро 18 млн. доллар эълон кардааст.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” вобаста ба хисороти аз низоъ воридгардида гуфт, “ҳеч гуна маълумот дар даст надорам ва мушаххасан чизе гуфта наметавонам”.

Ба гуфтаи Умеда Юсупова, ҳаҷми хисорот аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд ҳисоб мешавад.

Музаффар Юсуфзод, сухангӯи раиси вилояти Суғд низ маълумоти дақиқ дар бораи хисороти воридгардида ироа накард.

Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “барои ҳисоби хисороти молӣ гурӯҳи корӣ ташкил шудаааст ва масъулин дар ҳама ҷамоатҳо зиёнҳои дар пайи таҷовузи низомии Қирғизистон воридшударо ҳисоб мекунанд”.

Ба таъкиди Музаффар Юсуфзод, хисороти воридшуда дар аксари ҷамоатҳои наздимарзии зиёд аст ва комиссияи корӣ бо ҳисобкунӣ машғуланд.

“Иншооти зарардида хеле зиёд аст. Дар пайи ин ҳуҷуми таҷовузкоронаи қирғизҳо, хонаҳои зиёд комилан сӯхта, дороиҳои мавҷудбуда ва ҷиҳози ба хок яксон ҳисоб шуда истодаанд”, – гуфт сухангӯи раиси вилояти Суғд.

Музаффар Юсуфзод гваъда дод, ки давоми 2 рӯзи минбаъда омори дақиқи хисорот ба расонаҳо хабар дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Азия-Плюс”, ки ба маҳалли муноқиша сафар карда буд, аз вазъи ҳузнангез ва хароби деҳаҳо гузориш медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки кӯчаҳо беодам, хонаҳои зиёди сокинони осоишта хароб, автомашинаҳо сӯхта ва дар баъзе иншоот оташ ҳоло ҳам фурӯзон аст.

“Дар деҳаи Сомониён ҳудуди 35 хона пурра сӯхтааст. Барқарор намудани ягона мактаби деҳа, ки дар он ҳудуди 300 нафар таҳсил мекарданд, низ ғайриимкон аст. Бунгоҳи тиббии чанде пеш сохтмонаш оғозгардида, низ тахриб шудааст. Бар асари осеб дидани трансформатор як ҳафта боз дар деҳаи Сомониён барқ нест”, – раиси ҷамоати Чоркӯҳ.

Ҳоло маълум нест, ки дар дигар ҷамоатҳои наздимарзии Тоҷикистон чӣ қадар хисороти молӣ расидааст ва дар ин муноқиша кадом иншоот хароб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар муноқишаи марзии рӯзҳои 14-17-уми сентябр миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон талафоти ҷонӣ 41 нафар, бино ба ҳисоби расонаҳои кишвар 70 нафар сокини Тоҷикистон ҳисобида шуданд. Ҷониби Қирғизистон расман аз кушта шудани 59 нафар хабар медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.