Қурби евро дар Тоҷикистон бори аввал аз 10 сомонӣ поин рафт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тайи ҳафтаи ахир қурби расмии асъори аврупоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ ба андозаи 2,5% – аз 10,2224 сомонӣ дар рӯзи 19 сентябр то ба 9,9644 сомонӣ дар имрӯз поин рафт, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Ҳамчунин беқурбшавии начандон зиёди доллари амрикоӣ (0,07%) – аз 10,2367 сомонӣ дар рӯзи 19 сентябр то ба 10,2293 сомонӣ дар имрӯз ба қайд гирифта шудааст.

Беқурбшавӣ – поинравии қурби асъори як кишвар дар муқоиса бо қурби асъори дигар кишварҳо мебошад. Дар натиҷа пулҳо беқурб шуда, мутаносибан бо онҳо асъори хориҷӣ камтар харида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, рубли Русия нисбат ба асъори маҳаллӣ давоми ҳафта ба андозаи 1,4% – аз 0,1657 сомонӣ дар рӯзи 19 сентябр то ба 0,1680 сомонӣ дар имрӯз боло рафтааст.

Тағйрёбии қурб дар бозори асъори Тоҷикистон дарҳол пас аз оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Русия ва Украина аз 24 феврали соли равон шурӯъ шуд.

Тамоили поинравии қурби евро ва доллар ва баръакс, болоравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ баъди аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин имзо шудани амр дар бораи фурӯши газ ба “кишварҳои ғайридӯст” бо рубли Русия аз 1 апрел оғоз гардид. То ин дам чунин ҳисоббаробариҳои бо кишварҳои аврупоӣ бо евро аном дода мешуданд.

Дар маҷмӯъ, аз оғози даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Украина евро нисбати сомонӣ ба андозаи 22,3% беқурб шуда, қурби рубл – 18,6% боло рафт.

Қурби ин ё он асъор ба талабот доштани он дар бозори асъор вобаста аст.

Мутахассисон поинравии қурби доллар ва евро нисбат ба сомонӣ ва болоравии қурби рублро коҳиши талабот ба ду асъори аввал ва зиёд шудани талабот ба асъори Русия маънидод мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, то аввали нимсола зиёда аз 50% қарордодҳои воридкунандагони молу маҳсулот аз Русия аз доллар ба рубл гузаронида шуданд. Бо назардошти содирот аз Тоҷикистон, беш аз 70%-и савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия бо рубл сурат мегирад.

Аз се як ҳиссаи молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад.

Дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо зиёда аз 1 млрд долларро ташкил дод, ки 22,4% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Бонки марказии Русия, 94,3%-и интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистонро дар соли 2021 рубл, 5,6%-ашро – доллар ва 0,1%-ашро – евро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...