Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи хотима бахшидани муноқишаи марзиро имзо карданд

Asia-Plus

Дирӯз, 25-уми сентябр, дар гузаргоҳи Қизил-Бел роҳбари КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва роҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев мулоқот намуда, барои ба эътидол овардани вазъ дар ноҳияҳои марзӣ музокирот карданд. Дар ин бора КДАМ-и Тоҷикистон иттилоъ дод.

Саймумин Ятимов ва Камчибек Ташиев "изҳори умедворӣ карданд, ки ҳама бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ шуда, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар марзи ду кишвар барқарор хоҳад шуд", – омадааст дар иттилоияи КДАМ Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Камчибек Ташиев гуфт, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд 3- тои посгоҳ ва 1-тои пойгоҳи марзӣ аз ҳарду ҷониб аз байн бардошта шавад, хабар медиҳад АКИpress.

Тамдик, Булак-Баши, Катта-туз, Дача аз тарафи Қирғизистон ва Бедак, Кех, Кара Чикум, Шаршен аз ҷониби Тоҷикистон бардошта мешаванд.

Ба гуфтаи Қамчибек Ташиев, зимни мулоқот ҷонибҳои дар бораи кори комиссияи демаркатсия ва делимитатсияи марзи давлатӣ низ табодули назар карда, тасмим гирифтанд, ки фаъолияти он суръат бахшида шавад.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти роҳбари КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон дар пасманзари “ҷанги иттилоотӣ ва дипломатӣ”-и ду ҷониб баргузор гардид. Пас аз имзои протокол дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи марзӣ аз 19-уми сентябри 2022, ки барои хомӯш кардани оташи низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар доир шуд, ҳар ду тараф ҳамдигарро ба поймол кардани бандҳои созишнома ва иҷро накардани он гунаҳкор намуда, изҳоротҳо нашр карданд.

Гузашта аз ин, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз минбари СММ суханронӣ кард ва Тоҷикистонро барои оғози низоъ гунаҳкор намуд. Дар пайи ин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ аз минбари СММ ба суханони Содир Ҷабборов посух дод ва далелҳои овардаи президенти Қирғизистонро инкор ва воқеиятро, ки аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи нерӯҳои қирғиз далолат медод, иброз дошт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...