Марги Маҳсо Аминӣ. Эрониҳо хунбаҳо металабанд

Date:

Дар Эрон 11 рӯз инҷониб барои шарҳи қатли Маҳсо Аминӣ, як духтари ҷавони эронӣ, дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои ин кишвар тазоҳуроти мардумӣ идома дорад. Бо вуҷуди ҳушдорҳои ҳукумат ва додгоҳи Эрон, эътирозгарон дирӯз, якшанбеи 25-уми сентябр ҳам дар шаҳрҳои мухталиф ба хиёбонҳо баромаданд.

Ин тазоҳуроти мардумӣ аз он бархост, ки Маҳсо Аминии 22-сола, рӯзи 12-уми сентябр ба иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоби комил аз тарафи пулиси Эрон дастгир шуд ва баъди се рӯз дар ҳолати кома ёфт шуда, дар шифохона аз олам даргузашт.

Эътирозҳои дирӯза дар шаҳрҳои Теҳрон, Рашт, Табрез, Шероз, Санандаҷ, Сақиз, Исфаҳон, Караҷ ва Лоҳиҷон ҷараён гирифтааст. Ин шом Шӯрои иттифоқҳои касабаи маорифи Эрон корпартоӣ эълон карда, аз муаллимон ва донишҷӯён хоҳиш намудаанд, то рӯзҳои душанбе – чоршанбе ба дарс ҳозир нашаванд.

Қаблан, як зумра ходимони фарҳангу варзиши дигар барои пуштибонӣ аз тазоҳургарон ба по хеста буданд.

Дар як наворҳо дида мешавад, ки эътирозгарон дар кӯчаҳои Теҳрон фарёд мезананд, теъдоди афсарон хеле кам аст ва аз мардум талаб карда мешавад, ки дар кӯчаҳо бимонанд. Ҳамчунин, дида мешавад, гурӯҳе аз занон дар гирдиҳамоиҳо дар Теҳрон ҳиҷоби худро аз сар кашидаанд ва дар бархе маворид рӯсариро месӯзонанд.

Бино ба гузоришҳо, то кунун садҳо рӯзноманигор ва фаъолони сиёсиву шаҳрвандӣ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ин бузургтарин тазоҳурот дар се соли ахир аст ва пулиси Эрон барои ором сохтани вазъи ба вуҷуд омада, аз гази ашковар ва тирандозии ҳавоӣ истифо мекунанд. Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳои расида, дар эътирозҳо дастикам 38 нафар кушта шудаанд.

Дар ин баробар, эрониёни бурунмарзӣ дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Мадрид, Берлин, Брюссел, Афина, Истамбул намоишҳои ҳамраъйӣ бо эътирозгарон баргузор менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки “NetBlocks”, ки трафики интернетро дар саросари ҷаҳон назорат мекунад, аз маҳдудияти густурдаи платформаҳои интернетӣ гузориш додааст. Дар Эрон имрӯз истифодаи шабакаҳои “WhatsApp”, “Telegram”, “Instagram” ва “Skype” қатъ шудаанд ва “Twitter”, “Facebook” ва “TikTok” ҳоло бо барномаи филтршикан истифода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...