Президент дастур дод. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон донишгоҳи байналмилалӣ мешавад

Asia-Plus

Имрӯз, 27-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода пешниҳод кард, ин донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад», – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар робита ба ин, президент ба Вазорати маориф ва дигар вазорату  идораҳо дастур дод, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кунанд.

Гуфта мешавад, ки барои ҳалли ин масъала Вазорати маориф, Донишкадаи давлатии забонҳо ва факултаҳои забономӯзии ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои забономӯзиро таҳия ва амалӣ намоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” бо қарори Совети Вазирони ИҶШС (СССР) аз 29.05.1979, № 490 бо номи Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Пас аз чанд соли фаъолият бо қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 08.02.1988, №36 ба муассиса номи Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон ба номи А.С.Пушкин гузошта шуд. Соли 1992 дар асоси қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.08.1992, №297 ин муассиса ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009 дар шакли Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» табдили ном кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...