Мақомоти Русия рӯйхати шахсони аз сафарбаркунӣ фироркардаро тартиб медиҳанд

Asia-Plus

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин изҳор дошт, ки мақомоти кишвар ному насаби шаҳрвандонеро, ки пас аз эълони қисман сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиш Русияро тарк карда истодаанд, сабт мекунанд.

“Мо рӯйхати ҳамаи онҳоеро, ки ҳозир рафтанианд, дар даст дорем. Фикр мекунед, ки онҳо мераванду инро касе намебинад, ки кӣ рафту ба куҷо ва барои чӣ рафта истодааст?”, – овардааст гуфтаҳои Володинро Интерфакс.

Ӯ мушаххасан нагуфтааст, ки рӯйхатҳо бо кадом мақсад таҳия мешаванд ва изҳор намудааст, ки рафтагон боз бармегарданд.

Бар асари навбатпойиҳо дар сарҳад, бисёре аз равандагон мошинҳои худро дар Русия мемонанд. Раиси Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ин мошинҳо ба ихтиёри оилаҳои низомиён дода шавад.

“Ҳаин тавр дуруст мешавад”, – иброз доштааст вай. Ба сифати ташаббуси қонунгузорӣ алҳол чунин пешниҳод нашудааст.

Қаблан рӯзи 28 сентябр раиси Комиссияи Шӯрои Федератсия оид ба ҳифзи соҳибихтиёрии давлат Андрей Климов хотиррасон намуда буд, ки шаҳрвандони пас аз эълони сафарбаркунӣ ба берун аз ҳудуди кишвар сафаркарда, ҳама вақт метавонанд бидуни ҳарос аз “ҷазои қонунӣ” баргарданд.

“Аммо аз масъулияти ҷиддии маънавӣ бархе аз фироркардаҳо канор буда наметавонанд”, – зикр кардааст вай.

Пас аз эълони сафарбарӣ дар ҳафтаи гузашта дар гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ аз Русия навбати фирориҳо саф ороста, якбора боло рафтани нархи билетҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан ба қайд гирифта шуд.

Дар бораи теъдоди мушаххаси афроди Русияро тарккарда маълумот дода намешавад, лекин ин ҷо сари даҳҳо ҳазор нафар сухан меравад.

Олмон ва ИМА розӣ шуданд, ки эҳтимол паноҳандагони русро қабул кунанд ё ҳадди аққал ба ҳолатҳои онҳо расидагӣ намоянд, аммо Русия бо онҳо марзи заминӣ надорад.

Фирориён, пеш аз ҳама ба Қазоқистон, дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон азми сафар мекунанд.

Рӯзи 27 сентябр масофаи танбашавии воситаҳои нақлиёту одамон дар марзи Русия ва Гурҷистон ба зиёда аз 20 километр расид.

Ба русиягиҳое, ки аз сафарбарӣ худро наҷот доданианд, барои тарки кишвар якчанд рӯз лозим аст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Осетияи Шимолӣ дар сарҳад нуқтаи сафарбарии комиссариати ҳарбиро роҳандозӣ кардаанд.

Шаҳрвандони Русияро лозим меояд, ки  мошинҳои худро дар ин канори сарҳад боқӣ гузошта, дар муддати якчанд шабонарӯз баъд ба гузаштан аз постгоҳи назоратии “Верхний Ларс” муваффақ шаванд.

Дар бораи чӣ гуна пешвоз гирифтани фирориён аз сафарбарӣ дар Тоҷикистон дар маводи зерини мо маълуфоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...