2,5 ҳазор тонна орд ба Бадахшони Афғонистон. Аз Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол гардид

Asia-Plus

Кумаки башардӯстона, ки тавассути Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) барои Афғонистон таҳия гардидааст, 26-уми ноябри соли 2021, бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон ба 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди ин кишвари ҳамсоя расонида шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.

“Кумаки мазкур аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода шуд”, – менависад ин расона.

Зикр мегардад, ки Тоҷикистон аввалин кишварест, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод ба Афғонистон пешниҳод намудааст.

Гуфта мешавад, ки ин масъала дар суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш 26-уми август баррасӣ ва мувофиқа шудааст.

Президенти Тоҷикистон дар суҳбати телефонии хеш бо Антониу Гутерриш таъкид намудааст, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳад ва онро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузорад”.

“Вобаста ба ин омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин раванд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии кишвар барои расонидани чунин кумак иброз карда шуд”, – менависад АМИТ “Ховар”.

Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон ва ғасби ҳокимият аз ҷониби Толибон, Тоҷикистон нигаронии амиқи хешро аз вазъи сиёсии баамаломада иброз намуда, таъкид карда буд, ки ҳукумати ин гуруҳро ба ҳеҷ ваҷҳ ба расмият нахоҳад шинохт, аммо ҳамеша таъкид менамуд, ки ҷонибдори кӯмак ба мардуми Афғонистон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...