Нархи парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон поин рафтааст

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Чанд рӯзи охир мушоҳида мешавад, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон поён меравад. Пас аз эълони сафарбарии ҷузъӣ дар Русия он якборо ва ба таври бесобиқа боло рафта буд. Коҳиши нархро бо як назар кардан ба сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ мушоҳида кардан мумкин аст. “Азия-Плюс” ин мавзӯъро пайгирӣ кард.

Пас аз эълони сафарбарии ҷузъии ҳарбӣ дар Русия, дар ду ҳафтаи ахир арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ байни Русияву Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта, дастрас намудани он ҳам душвор гардид.

Агар дар 20-уми сентябр як чипта дар хатсайри Маскав – Душанбе дар ширкатҳои “Уралские авиалиний” ва “NordStar” 39 722 рубли русӣ арзиш дошт, имрӯз он ба 24 948 рубли русӣ поин омадааст.

Дар ҳамин ҳол, нархи парвозҳо аз Сургут (аз 24 675 то 28 985 рубл) ва Тюмен (аз 24 295 то 27 840 рубл) ба Душанбе нисбатан баландтар аст. Ба гуфтаи як фурӯшандаи нуқтаи чиптафурӯшӣ, аз ин ду шаҳри Русия ба Тоҷикистон нисбатан камтар сафар намудаанд.

Ҳамин тавр, ба иттилои сомонаи расмии “Utair”, нахри чипта аз Санкт-Петербург ба Душанбе аз 22 880 то 26 910 рублро ташкил медиҳанд. Аз Маскав ба Душанбе нархи чиптаи ин ширкат 24 948 рубл аст.

Нархи чиптаҳои ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалиний” низ поин рафтааст. Имрӯз хатсайри Маскав – Душанбе аз 19 026 то 23 661 рубл арзиш дорад. То Хуҷанд рафтан боз ҳам арзонтар аст: аз 13 903 то 15 538 рубл.

Ҳамзамон, нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар хатсайри Екатеринбург – Душанбе боз ҳам арзонтар ба назар мерасанд: аз 13 630 то 18 585 рубл.

Ширкати ватании “Сомон Эйр” нархи эконом-класс аз Маскав то Душанберо то 15-уми октябр, 24 361 рубл муқаррар кардааст.

Дар хатти парвози Самара – Душанбе парвоз кардан дар ширкати “Сомон Эйр” боз хам арзонтар аст. Он 18 366 рубл дар класси эконом муқаррар шудааст.

“Коҳиши нархи чиптаҳо аз 1-уми октябр оғоз ёфт. Ростӣ, ҳоло ҳама русҳо дар бораи чипта ба Деҳлӣ мепурсанд, зеро ба гуфтаи онҳо, нархи иҷораи манзил дар Душанбе барои онҳо хеле гарон аст. Ва дар Деҳлӣ, мегӯянд, зиндагӣ арзонтар аст”, – шарҳ медиҳад корманди нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо дар Душанбе.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...