Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” тақдим намуд

Asia-Plus

Дирӯз, 4-уми октябр, президенти Русия бо як фармони худ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 тақдим намуд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

«Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи III мукофотонида шавад», — гуфта шудааст дар матни фармон.

Гуфтан ба маврид аст, ки ордени мазкур дар арафаи зодрӯзи президенти Тоҷикистон, ки 5-уми октябр аст, тақдим карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   “барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои Россия ва Тоҷикистон” аз ҷониби ҳамтои русаш Владимир Путин бо ордени «Александр Невский»-и   низ мукофотонида шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...