“Ҳама чиз ба зудӣ ҳал мешавад”. Мулоқоти пӯшидаи Содир Ҷабборов дар Узген

Содир Ҷабборов 5-уми октябр дар ноҳияи Узген бо сокинон мулоқоти пӯшида баргузор намуд ва бо онҳо масъалаи муайянсозии сарҳади Қирғизистон бо Ӯзбекистон, аз ҷумла ҳалли мушкили обанбори Кампир-ободро баррасӣ намуд. Дар ин бора kg.akipress.org хабар медиҳад. Пас аз ин мулоқот ва эътирози гуруҳе аз сокинони кишвар, имрӯз, 6-уми октябр, Содир Ҷабборов маҷбур шуд ба мардумаш […]

Asia-Plus

Содир Ҷабборов 5-уми октябр дар ноҳияи Узген бо сокинон мулоқоти пӯшида баргузор намуд ва бо онҳо масъалаи муайянсозии сарҳади Қирғизистон бо Ӯзбекистон, аз ҷумла ҳалли мушкили обанбори Кампир-ободро баррасӣ намуд. Дар ин бора kg.akipress.org хабар медиҳад.

Пас аз ин мулоқот ва эътирози гуруҳе аз сокинони кишвар, имрӯз, 6-уми октябр, Содир Ҷабборов маҷбур шуд ба мардумаш муроҷиат карда, ҷузъиёти мулоқоти мазкур ва баъзе аз ҷанбаҳои масъалаи муайянсозии сарҳади Қирғизистон бо Ӯзбекистонро шарҳ диҳад.

Ӯ аз ҷумла гуфтааст, ки дар ояндаи наздик шартнома имзо мешавад ва ба парлумон низ ирсол мегардад. Пас аз тасвиби шартнома, маълум мегардад, ки кадом заминҳо ба ихтиёри кадом давлат мегузарад.

“99 дарсади қитъаҳои баҳсбарангез ба ихтиёри мо дода шуд”, – гуфтааст Содир Ҷабборов.

Содир Ҷабборов гуфтааст, ки то ҳол бо Ӯзбекистон сари идораи муштараки обанбори Кампир-обод мувофиқа ҳосил шудааст ва тибқи он, сатҳи оби ин обанбор аз 908 то ба 900 метр поён мебаранд.

“1245 гектар замини соҳил озод карда мешавад, ки он ба ихтиёри мо мегузарад. Сокинони махаллӣ метавонанд ин заминро барои хоҷагии кишлоқ истифода баранд”, – иброз намуд Содир Ҷабборов.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки “шумо ба мо ҷуз изҳори миннатдорӣ чизе нишон дода наметавонед. Мо ягон сантиметр замин надодем. Баръакс онро гирифтанд. Ва баъд аз сад сол таърих собит хоҳад кард, ки кори мо ва тасмими мо дуруст ва ба манфиати давлати Қирғизистон буд”.

Ӯ бо киноя ба ҳамтоёни пешини худ зикр кард, ки “мо мисли онҳое, ки Каркира ва Торт-кочёро доданд, хоин нестем”.

Ҳамин тавр, ӯ бо ишора ба мунтақидони худ таъкид кард, ки дар атрофи Кампир-обод бесарусомонӣ эҷод накунанд ва пеш аз он ки дер нашавад, ба худ биёянд!

“Ман ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастур медиҳам: нисбат ба фитнагароне, ки мардумро таҳрик медиҳанд, чораҳои сахт бинед. Маҳдудиятҳои ғамхорӣ вуҷуд доранд. Онҳо аз ин хадду канор мебароянд”, – таҳдид намуд Содир Ҷабборов.

Дар охири муроҷиати худ ба мардумаш Содир Ҷабборов бори дигар иброз намуд, ки “ҳама чиз ба зудӣ тамом мешавад” ва ба мухолифонат муроҷиат карда таъкид кард, ки “масъалаи сарҳад 99% ба фоидаи мо ҳал шудааст ва дар назди мардум шарманда мешавед”.

Ёдовар мешавем, ки Қирғизистон бо Ӯзбекистон ҳоло сари чанд нуқта дар марз ба мувофиқа нарасидааст ва баҳсҳои ду ҷониб идома доранд. Яке аз нуқтаҳои баҳснок ин мудирият ба обанбори Кампир-обод мебошад.

Қирғизистон бо Тоҷикистон низ сари муайян намудани хати сарҳади ду кишвар вориди баҳс аст ва ин боиси таниши шадиди мусаллаҳона миёни ду кишвар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.