Боздиди намояндагони СММ аз Панҷшер

Намояндагии Созмон Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA)  мегӯяд, ҳайати сиёсӣ ва ҳуқуқи башарии ин созмон дар дидор бо Муҳаммаднасим Нурӣ, волии Толибон* дар Панҷшер бар нигарониҳои амиқи худро дар робита ба ноамнӣ ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар ин вилоят таъкид кардаанд. Дар ин бора саҳифаи расмии Намояндагии СММ дар Афғонистон хабар медиҳад. Тавре Намояндагии […]

admin

Намояндагии Созмон Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA)  мегӯяд, ҳайати сиёсӣ ва ҳуқуқи башарии ин созмон дар дидор бо Муҳаммаднасим Нурӣ, волии Толибон* дар Панҷшер бар нигарониҳои амиқи худро дар робита ба ноамнӣ ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар ин вилоят таъкид кардаанд. Дар ин бора саҳифаи расмии Намояндагии СММ дар Афғонистон хабар медиҳад.

Тавре Намояндагии СММ дар Афғонистон менависад, ҳадаф аз сафари ин ҳайат баррасии иддаои нақзи ҳуқуқи башар дар Панҷшер аст.

UNAMA афзудааст, ки посухгӯӣ ва ҳифозат аз ҳуқуқи ҳамаи афғонҳо калиди сулҳ аст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин самт ба назорати хеш идома хоҳад дод.

Толибон дар Панҷшер ба ин, ки ғайринизомёнро ба иттиҳоми доштани иртибот бо Ҷабҳаи муқовамати миллӣ боздошт, шиканҷа ва тирборон кардаанд, муттаҳам мешаванд. Ин гурӯҳ ҳамчунин, ба тирборон кардани асирони Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Панҷшер айбдор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир ҷангҳои шадид дар вилояти Панҷшери Афғонистон миёни Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ва ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон бо шиддат идома дорад. Наворҳои аз рафти ин ҷанг интишорёфта гувоҳи он аст, ки ҷангҷӯёни Толибон бо бераҳмии хос бо асирону мардуми мулкӣ муносибат мекунанд ва дар ин маврид на фақат роҳбарияти Ҷабҳа, балки расонаҳои бонуфуз ҳам бо нигаронӣ ибрози ақида намудаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.