Аввалин раводиди муҳоҷиратӣ ба Амрико аз суйи Сафорати ин кишвар дар Душанбе дода шуд

Як хонаводаи тоҷик бори аввал раводиди муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сафорати ин кишвар дар Душанбе дарёфт кард. Сафорат рӯзи 7-уми октябр бо нашри ин хабар навишт, ки минбаъд тамоми виза ё раводиди муҳоҷират ба ин кишвар аз Душанбе дода мешавад. Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводид ба Алматои Қазоқистон мерафтанд. Сафорати Амрико дар […]

Asia-Plus

Як хонаводаи тоҷик бори аввал раводиди муҳоҷиратро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сафорати ин кишвар дар Душанбе дарёфт кард. Сафорат рӯзи 7-уми октябр бо нашри ин хабар навишт, ки минбаъд тамоми виза ё раводиди муҳоҷират ба ин кишвар аз Душанбе дода мешавад. Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти раводид ба Алматои Қазоқистон мерафтанд.

Сафорати Амрико дар Душанбе бо нашри акси ин хонаводаи тоҷик ба онҳо сафари хубу зиндагии навро дар Амрико хостааст. Аммо Сафорат номи ин хонаводаро эълон накардааст.

Мавсими якмоҳаи озмуни дарёфти ҳаққи муҳоҷират ба Амрико, ки ҳамчун озмуни лотореяи “Грин-корт” маъруф аст, рӯзи 5-уми октябр шурӯъ шуд. ИМА ҳар сол барои 55 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад.

Қаблан дар хусуси тарзи дурусти пур кардани ариза барои иштирок дар бурди корти сабз маълумоти муфассал дода будем, ки тавассути ин линк метаван бо он шинос шуд.  

Ҳар сол ба ҳисоби миёна тавассути ин барнома беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ҳам барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд. Тибқи арзёбиҳои расмӣ, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ соли охир ба Амрико аз Тоҷикистон ҳудуди 3 шаҳрванди ин кишвар ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.