“Лейтинанти калони қалбакӣ”. Боздошти ҷавоне, ки бо либоси низомӣ қаллобӣ мекард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Худойдод Боронов, як сокини ноҳияи Муъминобод, хабар медиҳад, ки бо пӯшидани либоси низомӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худро лейтенанти калони милитсия муаррифӣ карда, аз одамон маблағ меситонид. Ба гузориши навори “Ахбори ВКД”, Худойдод Боронов бо сӯистифода аз номи милитсия, аз як шаҳрванд бо ваъдаи ба кор таъмин кардан дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Худойдод Боронов, як сокини ноҳияи Муъминобод, хабар медиҳад, ки бо пӯшидани либоси низомӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ худро лейтенанти калони милитсия муаррифӣ карда, аз одамон маблағ меситонид.

Ба гузориши навори “Ахбори ВКД”, Худойдод Боронов бо сӯистифода аз номи милитсия, аз як шаҳрванд бо ваъдаи ба кор таъмин кардан дар мақомоти корҳои дохилӣ 10 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ҳамзамон, Худойдод Боронов аз ронандагони таксӣ дар минтақа тамаъҷӯӣ карда, ваъдаҳои ҷои кору ҳалли мушкилотро медодааст. Гузашта аз ин, номбурда барои бовар кунонидани шаҳрвандон бештар либоси низомӣ ба бар карда, худро лейтенанти калони милитсия Далер Сабзов муаррифӣ мекардааст.

Дар пайи шикояти ронандагон ва сокинони маҳаллӣ, ӯ аз ҷониби кормандони хадамоти амнияти дохилии ВКД боздошт шуда, аз номбурда се ҳуҷҷати ғайриқонунӣ ва як тан либоси низомӣ дарёфт гардидааст.

Ба гузориши навори ВКД, дар яке аз шаҳодатномаҳои қалбакии ӯ рутбаи “лейтенанти калони милитсия” бо ному насаби Сабзов Далер Амирович зикр мегардид ва дар 2 шаҳодатномаи дигар, ин шахс сармуҳосиби яке аз сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо номҳои Сабзов Далер Амирович ва Ҷобиров Далер Амирович муаррифӣ мешуд.

Дар ин гузориш қайд карда мешавад, ки Худойдод Боронов ба милитсия рабте надорад ва ҳеч вақт дар ВКД кор накардааст.

Гуфта мешавад, қаблан Худойдод Боронов барои чунин амалҳои ғайриқонунӣ боздошт шуда буд. Баъдан ба ӯ мӯҳлат доданд, ки зарари ба шаҳрвандон расонидашударо баргардонад, аммо ин мард ба амали ғайриқонунии худ идома додааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳолатҳои сӯистифода аз мақоми давлатӣ дар солҳои ахир нисбатан зиёд гардида, дар ин замина чунин хабарҳо бештар расонаӣ мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.