Мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ дар боздоштгоҳ оғоз гардид

Имрӯз, 7-уми октябр, мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ, блогнавис ва журналисти боздоштшудаи тоҷик дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора Радио Озодӣ иттилоъ медиҳад. Далери Имомалӣ аз ҷумлаи чор журналисти тоҷик аст, ки чор моҳ пештар боздошт гардид. Ӯ барои соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар дониста […]

Asia-Plus

Имрӯз, 7-уми октябр, мурофиаи додгоҳии Далери Имомалӣ, блогнавис ва журналисти боздоштшудаи тоҷик дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора Радио Озодӣ иттилоъ медиҳад.

Далери Имомалӣ аз ҷумлаи чор журналисти тоҷик аст, ки чор моҳ пештар боздошт гардид. Ӯ барои соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, ки парвандаи ӯро Даврон Назарзода, судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ менамояд.

“Дар мурофиаи аввал аксари шоҳидон даъват ва пурсида шуданд. Ҳамсари Далерро ҳам ба мурофиа роҳ доданд. Мурофиаи дуюм ҳафтаи оянда баргузор мешавад”, – менависад Радиои Озодӣ.

Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои дастрас кардани маълумоти бештар аз Суди ноҳияи Шоҳмансур бенатиҷа монд. Пайвандони Далери Имомалӣ ҳам дар хусуси парвандаи ин рӯзноманигор ва блогер суҳбат намекунанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Далери Имомалӣ 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол шуд. Нисбати ӯ бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ) ва  307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик муҳокимаи судӣ оғоз гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.