“Сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода”. Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик гуфт

Имрӯз, 7-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамтои руси худ Владимир Путинро, ки 70-сола шуд, бо ирсоли барқия бо зодрӯзаш табрик намуд, хабар медиҳад сомонаи президенти Тоҷикистон. Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз Владимр Путин “ҳамчун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода” тавсиф шуда, таъкид гардидааст, ки “мехоҳам саҳми беандозаи Шуморо дар кори рушд ва шукуфоии Россия, […]

Asia-Plus

Имрӯз, 7-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамтои руси худ Владимир Путинро, ки 70-сола шуд, бо ирсоли барқия бо зодрӯзаш табрик намуд, хабар медиҳад сомонаи президенти Тоҷикистон.

Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз Владимр Путин “ҳамчун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода” тавсиф шуда, таъкид гардидааст, ки “мехоҳам саҳми беандозаи Шуморо дар кори рушд ва шукуфоии Россия, инчунин таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр намоям”.

“Хизматҳои муҳими Шумо дар таъмиқи муназзами муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия қобили баҳои баланданд. Мо ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Россияи ба мо наздик арҷ мегузорем ва дар оянда барои густариши самтҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар бар нафъи мардумонамон тамоми кӯшиши заруриро ба харҷ медиҳем”, – гуфта шудааст дар барқия.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин “саломатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва дастовардҳои нав баҳри рифоҳи Россияи дӯст, ба мардуми он  — сулҳу амонӣ ва пешрафти устувор” таманно намудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ду рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон низ худ зодрӯз дошт ва ӯро ҳамтоёнаш, аз ҷумла Владимир Путин тадрик намуданд.

Владимир Путин ба муносибати 70-солагии Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ордени “Барои хизмат дар назди Ватан” дараҷаи 3 тақдим намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.