Имрӯз Александр Лукашенко ба Тоҷикистон меояд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 11-уми октябр, Александр Лукашенко, президенти Беларус, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора РИА “Новостӣ” бо такя ба ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сафари расмии президенти Беларус ба Тоҷикистон 2 рӯз идама меёбад ва дар назар аст, ки сарони давлатҳо Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳанд кард.

Ҷонибҳо дар робита ба тавсеаи ҳамкориҳо, пеш аз ҳама дар арсаи тиҷориву иқтисодӣ, иҷрои тарҳҳои ҷорӣ ва оянда гуфтугӯ менамоянд. Дар пайи музокирот ба имзо расидани як бастаи санадҳо дар назар аст.

Гуфта мешавад дар рӯзи дуввуми сафар Лукашенко дар пойтахти Тоҷикистон чанд дидори дагар анҷом медиҳад.

Ҳамзамон, бо сафари расмии Лукашенко дар Душанбе ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Беларус баргузор шуда, намоишгоҳи истеҳсолкунандагони беларусӣ “Made in Belarus” ташкил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...