“Украинаро тарк кунед”. Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Киев ба шаҳрвандони кишвар

Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Украина ба шаҳрвандоне, ки то ҳол ин кишварро тарк накардаанд, тавсия медиҳад, ки Украинаро тарк кунанд ва онҳое, ки ба ин кишвар сафар карданӣ ҳастанд, аз ин иқдом худдорӣ намоянд.

“Дирӯз корманди мо, дипломате, ки бо масъалаҳои консулгарӣ сарукор дорад, тамоми раҳбарон ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷиконро огоҳ кард, ки дар паноҳгоҳҳо бимонанд ва тавсияҳои мақомоти маҳаллиро риоя кунанд, – гуфт Давлат Назрӣ ба “Азия Плюс”. — Имрӯз мо ният дорем, ки маълумотро дар байни шаҳрвандонамон паҳн кунем. Барои онҳое, ки то ҳол дар қаламрави Украина қарор доранд, тавсия медиҳем, ки ба талаботи ҳолати ҳарбӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллӣ оид ба таъмини амнияти шахсӣ ба таври қатъӣ риоя кунандд ва то ҳадди имкон қаламрави Украинаро тарк кунанд. Ба шаҳрвандоне, ки қасди ба Украина омаданро доранд, тавсия дода мешавад, ки то ба эътидол омадани вазъ аз сафар худдорӣ намоянд”.

Ба гуфтаи дипломат, дар ҳоли ҳозир ҳамаи донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргаштаанд.

“Боқимонда (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тотористон, – идора) кор мекунанд, дар байни онҳо соҳибкорон ҳастанд, баъзеашон бо аъзои оила дар ин ҷо ҳастанд, – мегӯяд Давлат Назрӣ. – Ғайр аз ин, дар як моҳи охир мо раванди бозгашти шаҳрвандони худро ба Украина мушоҳида кардем, ки аз замони оғози амалиёти ҷангӣ ин кишварро тарк карда буданд".

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи сафорат, дар Украина ҳудуди 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд.

“Ҳоло консули мо барои муайян кардани теъдоди дақиқи шаҳрвандони мо кор мекунад”, – шарҳ дод сафир.

Дар сомонаи сафорат эълони дахлдор интишор шудааст: “… аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки маълумоти зеринро ирсол намоянд: ному насаб, сана, моҳ ва соли таваллуд, инчунин рақами тамос ба суроғаи почтаи электронии сафорат: [email protected] ё тавассути рақами мобилӣ: +380 93 336 10 40.

Дар мавриди саволу машварати иловагӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тавассути телефон тамос гиранд.

Тел: + 38 044 390 8998 (аз 09:00 то 18:00)

Моб. +380 93 336 10 40 (шабонарӯз).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...