“Монеаҳо ва маҳдудиятҳо барои рушди минбаъда халал мерасонанд”. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Остона

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 14-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа, ки дар ҳайати маҳдуд баргузор шуд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иштирок карданд.

Гуфта мешавад дар ҷаласаи мазкур Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои сиёсии ҷаҳон, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоду амнияти кишварҳо, буҳрони озуқаворию энергетикӣ, тағйирёбии иқлим ва таъсири пандемияи Ковид-19, оқибатҳои низоъҳо дар кишварҳои гуногуни олам, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон метавонанд таъсиргузор бошанд, суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои манфии ин хавфҳо пешниҳод кард, ки дар баробари корҳое, ки дар доираи Иттиҳод анҷомдодашуда, барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рӯзафзун ва таҳдидҳо чораҳои муассиртар андешида шаванд.

“Бояд гуфт, ки сарфи назар аз натиҷаҳои дар давоми се даҳсола ба даст овардаи кишварҳо дар доираи ИДМ, то ҳол монеаҳо ва маҳдудиятҳо мавҷуданд, ки ба рушди минбаъдаи мутақобилан судманд халал мерасонанд,” – навиштааст манбаъ.

Президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки то ҳол дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва бахши энергетика иқтидорҳои бузурги истифоданашуда ҳанӯз зиёданд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин оид ба пайомадҳои офатҳои бузурги табиии вобаста ба об, хисороти моддию талафоти ҷонӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳалли мушкилоти норасоии об, таъсири тағйрёбии иқлим ба захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо, болоравии талабот ба оби ошомиданӣ бинобар афзоиши аҳолии кураи замин ва рушди иқтисоди кишварҳо, суханронӣ кард.

Терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номида шуд.

Президенти кишвар таъкид кардааст, ки Тоҷикистон аз тасдиқи Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2023 – 2025 ҷонибдор аст.

Зикр мешавад, ки дар поёни кори ҷаласа сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокчии ИДМ як қатор қарорҳову санадҳои вобаста ба фаъолияти минбаъдаи Созмонро ба тасвиб расониданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...