“Фурсати донистан”: Санади маъмурӣ дар кадом шакл қабул карда мешавад?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи тартиб додани санади маъмурӣ ба баҳс кашиданд.

Дар моддаи 13 Кодекси расмиёти маъмури  дар бораи  шакли санади ҳуқуқии маъмури меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.  Чун қоида, санади ҳуқуқии маъмури дар шакли хатти қабул мегардад. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки ба амнияти давлати ё xамъияти, саломатии аҳоли, ҳаёти одамон хатар таҳдид менамояд санади маъмури метавонад дар шакли шифоҳи қабул гардад.

 Ҳамзамон бояд ёдрас намуд, ки  бо талаби тарафи манфиатдор, инчунин дар ҳолатҳое, ки санади маъмури ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсро маҳдуд месозад, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонун пешбини намудааст, санади маъмурии шифоҳи дар давоми 3 рӯзи баъди қабул шуданаш бояд дар шакли хатти қабул карда шавад.

Қонун вобаста ба реквизитҳои санади маъмурӣ чигуна муқарарот пешбинӣ намудааст? Кодекси расмиёти маъмурӣ оиди ин масъала чигуна муқарарот пешбинӣ намудааст?

– Дар моддаи 14 Кодекси расмиёти маъмури  дар бораи реквизитҳои санади ҳуқуқии маъмури меъри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи талаботи қонун  ҳар як санади ҳуқуқии маъмури бояд реквизитҳои зеринро дар бар гирад:

-номи санади ҳуқуқии маъмури;
-номи мақомоте, ки санади ҳуқуқии маъмуриро қабул кардааст;
-сарлавҳаи санади ҳуқуқии маъмури;
-ному насаб, номи падар ва имзои шахси мансабдори ваколатдор, ки бо мӯҳри нишондори мақомоти маъмури ё шахси мансабдор тасдиқ карда шудааст;
-вақт ва маҳалли қабул;
-рақами бақайдгирие, ки мақомоти санади ҳуқуқии маъмуриро қабулкарда додааст.

Зимнан ёдрас мешавем, ки дар санади маъмурие, ки қонеъ гардонидани дархости аризадиҳандаро рад мекунад, бояд мақомоте, ки ба он аз болои санади ҳуқуқии маъмури шикоят кардан мумкин аст, суроғаи он ва мӯҳлати пешниҳоди шикоят (ё даъво) нишон дода шаванд.

Дар Кодекси расмиёти маъмури вобаста ба асоснокии санади маъмурӣ чигуна муқарарот пешбинӣ шудааст?

– Мувофиқи талаботи моддаи 15 Кодекси расмиёти маъмури санади ҳуқуқи маъмури бояд асоснокии хатти дошта бошад, ки пеш аз қисми хулосави зикр мегардад. Дар санади ҳуқуқии маъмури бояд меъёри қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқи ки дар асоси он ин санади ҳуқуқии маъмури қабул шудааст, зикр карда шавад. Мақомоти маъмури қарори худро бо ҳолатҳо, воқеият ва далелҳое, ки дар xараёни расмиёти маъмури таҳқиқ ва омӯхта шудаанд, асоснок менамояд.

Агар қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардида барои қабули санадҳои ҳуқуқии маъмури мавxудияти хулосаи эксперт (хулосаи мутахассис)-ро пешбини намояд, дар асоснокии хатти мазмуни ил хулоса зикр карда мешавад. Асоснокии хатти бояд якxоя бо санади ҳуқуқии маъмури интишор гардад (барои расман шинос шудан пешниҳод гардад).

Кодекси расмиёти маъмури вобаста ба масъалаи тартиби нашр намудани санади маъмури чигуна муқарарот пешбинӣ намудааст?

– Тартиби интишори санади ҳуқуқии маъмури дар модаҳои 17,18 Кодекси расмиёти маъмури пешбини шудааст. Чун қоидаи умумӣ, санади маъмури дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун интишор мегардад. Аммо, агар санади маъмури ба манфиатҳои зиёда аз 50 шахс таъсир расонад, огохонидан метавонад ба интишор иваз карда шавад. Дар чунин ҳолат санади маъмури танҳо ба аризадиҳанда, агар аризаро якчанд шахс имзо карда бошанд, ба шахсе, ки имзояш дар ариза аввал аст, супурда мешавад.

Санади ҳуқуқии маъмури дар нашрияи расмии мақоми маъмурии дахлдор интишор карда мешавад. Агар мақомоти маъмури нашрияи расми надошта бошад, санади ҳуқуқии маъмури бояд дар нашрияе, ки дар тамоми қаламрави амали мақомоти маъмури паҳн мегардад ва на камтар аз як маротиба дар як ҳафта чоп мешавад, интишор карда ё дастраси умум гардонида шавад. Мақомоти маъмури ӯҳдадор аст пешаки тартиби интишор ё дастраси умум гардонидани санади ҳуқуқии маъмурии дар қисми дуюми ҳамин модда зикршударо муайян намояд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...