Кормандони сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба садама дучор шуданд

Asia-Plus

Ду корманди сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуданд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, садама рӯзи якшанбеи гузашта, соати 17:00 дар километри 345-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар деҳаи Сангевни ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвози ВМКБ рух додааст.

“Ронандаи 45-солаи тамғаи "Toyota Land Cruiser", сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба Хоруғ идораи мошинро аз даст дода, ба девор бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама ронанда ва ду мусофири ӯ, шаҳрвандони Ҳиндустон, ҷароҳат бардоштаанд. Онҳо ба беморхонаи вилоятии Дарвоз интиқол дода шуданд», – омадааст дар хабари кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...