“Мехост бо дӯстдоштааш издивоҷ кунад, террорист набуд”. Тоҷики дар Белгород кушташуда кӣ буд?

admin

Бо мадади корбарон Радиои Озодӣ ҳувийяти яке аз тоҷикони кушташударо дар тамрингоҳи Белгород муайян кардааст ва аз ӯ Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин), шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон ном мебарад. Хабарро як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотии Русия низ дар суҳбат ба ин расона тасдиқ намудааст. Ӯ ҳамчунин ба мо рӯйхати ҳамаи ҳалокшудагонро дар тамрингоҳи Белгород дастрас намуд, ки асосан шаҳрвандони Русия ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, тоҷики дигари кушташуда Меҳроб Раҳмонови 23-сола аст.

Ҳамла ба тамрингоҳи Белгород рӯзи 15-уми октябр рӯй дод. Мақомоти Русия онро кори ду зодаи як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва "ҳамлаи террористӣ" хонданд, вале аз ҳеч давлате ном набурданд.

Пайвандони Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин) мегӯянд, "ӯ дар тарабхонае бар асоси патент кор мекард ва нияти ба ҷанги Украина рафтан надошт". Онҳо гуфтанд, ки ӯ рӯзи 10-уми октябр дар назди метрои Люблинои Маскав "гум шуда буд" ва хабари маргашро 16-уми октябр мақомоти рус расонданд.

Тоҷиддин Аминзода, падари Эҳсон, ки дар ҳукумати вилояти Хатлон кор мекунад, рӯзи 17-уми октябр дар тамоси телефонӣ хабари марги писарашро тасдиқ кард, аммо гуфт, ҳолати равонӣ барояш имкон намедиҳад, ки дар бораи писараш ҳарф занад.

Фирӯз Аминзода, бародари Эҳсон Аминзода, рӯзи 17-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз Маскав гуфт, ӯ ҳафт моҳ пеш ба Русия рафта, дар як тарабхона кор мекард.

"Бародарам шаҳрвандии Русияро надошт ва бо патент фаъолият дошт. Ҳоло маро ба Прокуратураи ҳарбӣ даъват карданд. Намедонем, ӯ чӣ хел дар Белгород пайдо шуд. Бародари ман на террорист буд, на чунин фикр дошт. Як муҳоҷири одӣ буд, ки мехост кор кунад ва зиндагияшро бисозад," – афзуд ӯ.

Аминзода гуфт, бародараш рӯзи якшанбеи гузашта, 10-уми октябр, баъд аз кор гуфтааст, ба назди дӯстонаш меравад ва ба ҳамин телефонаш хомӯш шудааст. Ӯ гуфт, бародараш "шахси мутаасиб набуд".

Як дӯсти Эҳсон, ки нахост номашро зикр кунем, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳеч гоҳ қасди ба ҷанг рафтан надошт ва мехост, зудтар пул кор кунад ва ба Тоҷикистон рафта, бо дӯстдоштааш издивоҷ кунад.

"Ҳамаи мо ба шок афтодем. Ӯро мекофтем ва фикр кардем, шояд ба назди кадом шинос ё ба Тоҷикистон рафтааст. Ният доштем, эълон диҳем, ки ӯ гум шуда. Ақидаи ифротӣ надошт ва мисли ҷавонони дигар буд. Агар сахт диндор мешуд, дар ресторан кор мекард?" — гуфт ӯ.

Ҳамла дар тамрингоҳи Белгород рӯзи 15-уми октябри имсол рӯй дод ва мақомоти Русия онро кори ду зодаи як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва "ҳамлаи террористӣ" хонданд.

Алексей Арестович, мушовири Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, ҳамлагарон аз Тоҷикистон буда, баъди баҳс бар сари дин ба сӯи ҳамхидматони худ оташ кушодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даст доштани шаҳрвандони кишварро ба ҳамла ба Белгород таҳқиқ доранд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар номае ба Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми октябр навишт, "сафорат дар Маскав аз пайи муайян кардани даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар воқеа ҳастанд."

Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, дар ин ҳодиса 11 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шудаанд. Онҳоро дар доираи маъракаи басеҷ (басиҷ, мобилизатсия, сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ) ба артиши Русия даъват шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...