НАВШУДА. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Остона чӣ паёмҳо дорад?

Asia-Plus

Суханронии президети Тоҷикистон дар нишасти “Осиёи Марказӣ + Русия” дар Остона дар ҳамаи сатҳҳо вокуниши зиёд ба бор овард. Дар арсаи сиёсати минтақавӣ чунин изҳори назар то ҳол ба мушоҳида нарасида буд.

Ин чӣ паёме дорад?

Фарқияти он, пеш аз ҳама, дар он аст, ки он қолабҳои дипломатӣ надошт ва нисбат ба Русия, ки ҳамеша дар минтақа бозингари асосӣ маҳсуб меёбад, ба таври ошкор изҳор шуд. 

Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат ба сарвари давлати Русия дархост намуд, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд мисли Иттиҳоди Шӯравии собиқ муносибат кард.

“Тоҷикистон ҳамеша ба манфиатҳои шарики асосии стратегии худ – Русия арҷ мегузорад. Дар кишвар эҳтироми мутақобиларо эҳсос кардан мехоҳанд”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин президенти Тоҷикистон аз эҳтироми начандон кофӣ ба шарикон дар минтақа ба ҳамтои русиягии худ гила кард, ҳарчанд “Русия барои онҳо шарики асосии стратегӣ дониста мешавад”. Ҳамчунин бобати таваҷҷуҳи начандон зиёди сармоягузорӣ ба кишварҳо низ шикоятҳо ҷой доштанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки масъалаҳои зерсохтори низомии Русия ҳеҷ мушкиле надоранд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик ба ин назар аст, ки суханронии пурэҳсоси президенти Тоҷикистон "як гуна инъкоси норозигӣ ва эроди ҳамаи шарикони стратегии Русия мебошад".

"Беэҳтиромии Русия дар он аст, ки карорҳои тақдирсозе, ба монанди оғози ҷанг дар Украинаро роҳбарияти сиёсии Маскав бе маслиҳат бо шарикони худ кабул мекунад. Аз ин ҷо бармеояд, ки Маскав ҷангро бе маслиҳати пешакӣ сар карду паймадҳои он ба зарари ҳамагон мерасад. Албатта, барои кишварҳои кӯчак, ба монанди Тоҷикистон ва ё Кирғизистон, ки иқтисодиёташон ба Русия хеле вобаста аст, пайомадҳои нохуши ҷанги Украина бештар таъсир хоҳад кард", – мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

Ба андешаи ин сиёсатшинос назари Эмомалӣ Раҳмон "диди ҳамагон" аст.

"Ҳама шарикони Маскав, аз Остана сар карда то Душанбе, аз ин рафтораш (оғози ҷанг дар Украина.-идора) ҳам норозӣ мебошанд ва ҳам онро замчун беҳтиромӣ баррасӣ мекунанд. Дар ин маврид, Эмомалӣ Раҳмон назар ва диди ҳамагонро дар баромадаш изҳор кард", – гуфт Муллоҷонов.

Сиёсатшиноси дигари тоҷик Нуриддин Худоёров бар ин назар аст, ки паёми аслии сарвари давлат дар он ифода меёбад, ки Русия дар минтақа натанҳо ҳузури низомӣ, балки иқтисодӣ ҳам бояд дошта бошад.

“Эмомалӣ Раҳмон хостори сармоягузорӣ ба Тоҷикистон шуд ва номбар кард, ки кишвар барои ин чӣ имконот дорад. Аммо масъалаи сармоягузорӣ на ба худдории тоҷирон аз маблағгузорӣ, балки ба мушкили фасод дар кишвар вобаста аст”, – чунин мешуморад сиёсатшинос.

Дар ҳамин ҳол, Худоёров истисно намекунад, ки чунин суханронии тунд шояд ба нишасти сеҷониба, ки пеш аз нишаст миёни сарони Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон сурат гирифт, низ рабт дошта бошад.

“Душанбе ҳамеша мухолифи дахолати Маскав ба ҳалли масоили сарҳадӣ аст, лекин аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ Маскав дар бораи нақши миёнаравии худ изҳори назар кард. Шояд дар ин вохӯрӣ созиш ҳосил нашуд ё кадом як манфиатҳои Душанбе ба инобат гирифта нашуданд, бинобар ин, рӯзи дигар Эмомалӣ Раҳмон бо чунин эҳсосот изҳори норозигӣ карда, ба эҳтироми манфиатҳои кишвари худ даъват кард”, – илова кард сиёсатшинос.

Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, “аз гуфтаи Президенти Тоҷикистон маълум мешавад, ки тақрибан ҳамаи бозингарони беруна бештар ба баҳогузорӣ ва диду назари давлатҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба рӯзномаи кунунии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Дар самтҳои дигар дастоварди ҷиддие ба назар намерасад”.

Ӯ мегӯяд, “агар ба он андеша бошем, ки пас аз ин суханронӣ чизе тағйир намеёбад, иштибоҳ хоҳад буд”.

“Чун мансабдорони масъули Русия, ки сиёсатро нисбат ба давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳия ва татбиқ мекунанд, нисбат ба амал, ташаббус ва руйкарди худ аз худи минтақа feedback-и воқеӣ гирифтанд. Ҳамчунин, мухотабони дигари ин муроҷиат ҳамаи бозингарони хориҷӣ буда  метавонанд, ки бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар формати «+5» ва ё «5+» ҳамкорӣ мекунанд”,- гуфт Шералӣ Ризоён

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...