Шарқи Дур 34 ҳазор муҳоҷири кориро аз Осиёи Марказӣ қабул мекунад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия аз 10 октябри соли 2022 теъдоди квотаҳоро ба қабули муҳоҷирон дар баъзе минтақаҳо зиёд кард.

Аз ҳама бештар дар Шарқи Дур

Аз ҳама бештар – қариб 34 ҳазор нафар муҳоҷиронро Ҳавзаи федералии Шарқи Дур қабул карда метавонад, хабар медиҳад Vostok.Today. Вазорати меҳнати Русия барои ин ҳавза истисно кард, зеро захираҳои меҳнатии худи он талаботи кадрҳоро дар сохтмонҳо ва истеҳсолоти бузург таъмин карда наметавонанд.

Барои муқоиса: Сибир 7300, Ҳавзаи федералии марказӣ – 29 000, Приволже – 6300 нафар, кишвари Хабаровск – 7418, Приморе – 5711, Сахалин ва Курил – 164 ва вилояти Амурск -16500 нафар муҳоҷиронро қабул карда метавонанд.

Дар фармони вазорат ҳамчунин ихтисосҳо низ зикр шудаанд, ки ба онҳо квота ҷудо кардан мумкин аст, аз ҷумла кормандонни корхонаҳои кӯҳкорӣ, сохтмончиён ва ғайра.

Дар вилояти Магадан тасмим гирифтаанд, ки ташкилотҳои ҷамъиятии намояндагони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро таъсис диҳанд, то ки бо мақомоти давлатӣ ҳамкории пурсамар ба роҳ монда шавад.

Ба муҳоҷирон кор дар кадом соҳаҳо иҷоза шудааст?

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнати Русия, дар соли 2023 шумори квотаҳо ба додани иҷозаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки бар асоси раводид ба Русия меоянд, 123,9 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Шумори захираҳо дар соли 2023 ба 41,3 ҳазор нафар баробар аст.

Мувофиқи қарори ҳукумат, муҳоҷирон метавонанд дар соҳаҳои зерин ба шуғл фаро гирифта шаванд:

– парвариши сабзавот, соҳаи хоҷагии ҷангал, коркарди чӯб ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ба ҷуз мебел, истеҳсоли маснуот аз коҳ ва мавод барои бофандагӣ;

– сохтмон, савдои яклухти ашёи хом аз чӯб ва маводи коркарднашудаи хоҷагии ҷангал;

– савдои чаканаи машрубот  ва маснуоти тамоку;

– нақлиёти мусофирбар ва боркаши автомобилӣ;

– хидматрасонӣ ба бино ва қаламравҳо;

– фаъолият дар соҳаи варзиш.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...