Тоҷикистон ва СААД ҳифзи марз бо Афғонистонро пурзӯр мекунанд

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Станислав Зас зимни вохӯрии рӯзи 18 октябр дар Душанбе масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, инчунин чолишҳо ва таҳдидҳои кунуниро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

“Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофи ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнити СААД-ро баррасӣ карда, дар бораи чолишҳо ва таҳдидҳо ба минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ табодули афкор намуданд”, – зикр мешавад дар хабари Вазорат.

Вохӯрӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо”, ки дар Душанбе ҷараён дорад, баргузор шуд.

Конфронси мазкур аз ҷониби Дафтари зиддитеррористии СММ, ҳукумати Тоҷикистон, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо созмон дода шудааст.

Қаблан рӯзи сешанбе Дабири кулли СААД-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчуби СААД, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро омили муҳими таъмини амният ва суботи минтақа арзёбӣ кард.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба вазъи душвори низомиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон табодули андеша намуда, мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистонро зарур шумурданд.

Дар Тоҷикистон аз 17 октябр марҳилаи фаъоли тамринҳои муштарак бо Неруҳои дастҷамъии зудамал дар минтақаи Осиёи Марказӣ – “Сарҳад-2022” (Рубеж-2022) оғоз гардид.

Дар тамринҳои амалӣ, ки дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” ҷараён доранд, воҳидҳои низомии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, гуруҳҳои фаврии Ситоди муттаҳида ва Котиботи СААД иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни тамрин тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби ВКД ҶТ оид ба нест кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ворид шудаанд, таҷриба карда мешавад.

Теъдоди умумии ширкаткунандагони тамринҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар буда, дар рафти он беш аз 300 воҳиди таҷҳизоти низомӣ ва вижа, ҳавопаймо, чархболҳо ва дигар таҷҳизоти низомӣ низ ҷалб мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...