Вазири мудофиаи Қирғизистон: “Барои ҳалли масъалаи сулҳ бо Тоҷикистон довар лозим аст”

Asia-Plus

Имрӯз, 19-уми октябр, зимни нишастӣ хабарӣ дар Бишкек вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов изҳор намуд, ки байни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ барқарор намешавад. Дар ин бора АКИpress хабар медиҳад.

“Мутаассифона, ин охири ҷанг нест. Чанде пеш бо Дабири кулли СААД Станислав Зас вохӯрда будам. Ба ӯ гуфтам, ки байни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ намешавад. Сабабашро ҳам мегӯям. Зеро қирғизҳо ҳам ҳақиқати худро доранду тоҷикон низ”, – иброз дошт вай.

Бекболотов гуфт, то замоне, ки байни кишварҳо як довар, масалан аз ҳамон СААД бо вазифаҳои оташбас ва аз сарҳади давлатӣ дур бурдани техникаи вазнини мусаллаҳ қарор нагирад, мухолифат давом хоҳад ёфт.

“Агар онҳо ин ду масъаларо ҳал кунанд, минбаъд бо онҳо метавон ба ҳалли масоили сиёсӣ – таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо низ даст ёфт. Ин 30 сол не, балки 98 сол давом дорад”, – гуфт ӯ.

Қаблан котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов изҳор дошта буд, ки президенти ин кишвар Садир Жапаров аз сарвари давлати Русия дархост намудааст, ки ба масъалаи аломатгузорӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон кумак кунад.

Ба гуфтаи Имонқулов, Путин ваъда додааст, ки ин масъаларо баррасӣ намуда, маводҳои ҳар ду ҷонибро меомӯзад ва дертар баҳои ниҳоиро медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Марат Имонқулов таъкид кардааст, дар Маскав ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва харитаҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки метавонанд ба ин қазия ва даргириҳо хотима гузоранд.

Бояд гуфт, ки қаблан Владимир Путин гуфта буд, “Маскав дар бораи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нисбат ба худи онҳо иттилои дақиқтар дорад”..

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Остонаи Қирғизистон вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Русия – Владимир Путин, Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон – Садир Жапаров баргузор шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои он ягон изҳороте пахш нашуда, дар бораи масоили дар ин мулоқот баррасишуда низ маълумоти муфассал нашр нашуд.

Расман танҳо зикр шуд, ки дар баробари дигар масъалаҳо ҷонибҳо инчунин масъалаи аломатгузорӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...