Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон босуръат зиёд мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Теъдоди вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 2,5 баробар зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 870 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2021 ба 344 ҳазор нафар баробар буд.

Вуруди нисбатан бештари хориҷён ба ҷумҳурӣ дар семоҳаи сеюми ҳамин сол – зиёда аз 400 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар ду семоҳаи аввали сол (6 моҳ) 470 ҳазор нафар аз Тоҷикистон боздид намудаанд.

Аз ҳама бештар вуруди шаҳрвандони Русия афзудааст: дар 2 семоҳаи аввал – 112 ҳазор ва дар семоҳаи сеюми сол – 113 ҳазор нафар.

Афзоиши ниҳоят зиёди вуруди шаҳрвандони Русия ба гумони ғолиб ба маъракаи қисман сафарбарии захираҳои ҳарбӣ ба артиш марбут аст, ки аз 21 сентябр эълон шуд.

Вуруди шаҳрвандони кишварҳои дигар ба Тоҷикистон нисбатан баробар ва якхела сурат гирифтааст.

Ба ин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюм вуруди шаҳрвандони Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ аз 320 ҳазор нафар дар 2 семоҳаи аввал то ба 575 ҳазор нафар, Қазоқистон аз 9,7 ҳазор то ба 18 ҳазор, Туркия – аз 2,7 ҳазор то 5,2 ҳазор, Чин – аз 2 ҳазор то 3,8 ҳазор, Қирғизистон – аз 1,9 ҳазор то 3,5 ҳазор, Эрон – аз 1,8 ҳазор то 3,2 ҳазор ва Афғонистон – аз 1,5 ҳазор то 2,5 ҳазор нафар афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 685 ҳазор нафар, ки тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мешаванд, аз Тоҷикистон боздид намудаанд.

Вуруди сайёҳон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (184 ҳазор нафар) 3,7 баробар афзудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, то аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 242 ширкатҳои сайёҳӣ кор мекарданд, ки 16 ширкат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Дар ҷумҳурӣ 182 меҳмонхона, аз ҷумла 6-то панҷситорадор, 21-то чорситорадор, 16-то сеситорадор, 3-то дуситорадор, инчунин 2 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 134 меҳмонхониа бедараҷа фаъолият доштанд.

Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ, 29 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 50 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳат, 1 пансионат, 1 кемпинг ва 5 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...