Эмомалӣ Раҳмон ва Никол Пашинян ҳамдигарро табрик гуфтанд

Asia-Plus

Имрӯз, 21 октябр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар бо ирсоли барқия табрик намуданд.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян аз ҷараёни инкишофи муносибатҳои дӯстӣ миёни кишварҳо қаноатмандӣ шудааст.

“Алоқаманди густариши рӯзафзун ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо Арманистон, ки бо он моро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд, ҳастем. Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак муносибатҳои созандаи мо ба нафъи мардумонамон боз ҳам таҳкими бештар хоҳанд ёфт”, – гуфта мешавад дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон.

Дар барқияи табрикии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавал, ки тайии се даҳсолаи гузашта муносибатҳои байни кишварҳои мо дар асоси устувори анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии мардумонамон рушд ёфтаанд.

“Итминон дорам, ки муносибатҳои кишварҳои мо иқтидори назаррас доранд ва истифодаи комили он имкон медиҳад, ки ҳамкории байнидавлатии Арманистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шаванд”, – зикр мегардад дар мактуби Никол Пашинян.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Арманистон қаблан дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қарор доштанд ва пас аз барҳамхӯрии ин иттиҳод дар соли 1991 истиқлолияти худро эълон карданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...