Агрегати №1-и НБО “Норак” таъмир шуд. Лимит бардошта мешавад?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 24-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО “Норак”-ро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода додааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, агрегати мазкур бо тавоноии 375 МВт мавриди истифода қарор гирифт ва фаъолияти он аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани танга санҷида шуд, ки ба талабот ҷавобгӯ аст.

Ҳамин тавр, раисиҷумҳур бо рафти татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти гидроэнергетикӣ, ки аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд, шинос шудааст.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи мазкур ду марҳиларо дар бар мегирад ва дар марҳилаи аввал 3 агрегат ва дар марҳилаи дуюм 6 агрегат бо таҷҳизоти асосӣ ва ëрирасон таҷдид карда мешавад.

“Дар ин замина таҷҳизоти эҳтиëҷоти хусусии нерӯгоҳ, 3 ҳалқаи барқии маҷмӯи зеризаминӣ, дарбандҳои куравӣ, пойгоҳҳо, низоми идора ва назорати нерӯгоҳ пурра таҷдид шуда, 27 крани борбардор ва лифтҳо иваз карда мешаванд”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Манбаъ меафзояд, агрегати №1-и нерӯгоҳро пурра таҷдид намудаанд ва давоми се моҳи охир дар озмоиши истифодабарӣ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, ҳоло таҷзияи агрегати №4-и ин неругоҳ идома дорад. Корҳои зиддизангзании дарбанди агрегатҳои рақами 2, 4, 5, 6, 8 ва 9 ҳам аллакай ба анҷом расонида, чунин корҳо дар агрегати №3 давом меëбад.

Ин дар ҳолест, ки дар мавсими тирамоҳ ва зимистон дар чандсолаи ахир дар манотиқ ва навоҳии кишвар “лимит”-и барқ ҷорӣ мешавад. Дар соли равон низ аз ахири моҳи сентябр дар минтақаҳои гуногуни кишвар интиқоли нерӯи барқ маҳдуд мегардад.

“Барқи тоҷик” ин бор ҳам гуфт, “дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмирӣ гузаронида мешаванд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...