Маоши миёна дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷорӣ дар муқоиса бо моҳи июл ба андозаи 14,7% – аз 1903 сомонӣ (186 доллар) то ба 1623 сомонӣ (159 доллар) поин рафт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Сатҳи музди меҳнати воқеӣ (бо назардошти шохис (индекс)-и нархҳо) ба миқдори 10,6% кам шуд.

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал дар кишвар дар сатҳи 600 сомонӣ (66 доллар) боқӣ мемонад.

Маоши нисбатан баландро дар моҳи август кормандони бонк ва ширкатҳои суғурта гирифтаанд, ки маоши миёна дар онҳо 4949 сомонӣ (484 доллар) ва камтарро – кормандони бахши кишоварзӣ – 672 сомонӣ (66 доллар) гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, қарзи умумӣ аз пардохти маош дар Тоҷикистон бо назардошти солҳои пешин то аввали моҳи сентябр ҳудуди 28 млн сомонӣ (наздики 2,7 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Ҳудуди 55% (қариб 15 млн сомонӣ)-и қарз ба соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ва 22% (зиёда аз 6,1 млн сомонӣ) – ба фаъолият дар соҳаи нақлиёт ва нигаҳдории борҳо рост меояд.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз 1 июли соли равон музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ аз 20 то 25% боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳаҷми музди меҳнат дар Тоҷикистон пасттарин боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти мақомоти омори кишварҳои минтақа, музди меҳнати миёна дар Қазоқистон 650 доллар, Туркманистон – 383, Ӯзбекистон – 256, Қирғизистон – 231 долларро ташкил дода, дар Русия бошад, ба 780 доллар баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...