Мушкилиҳои кори интернет дар Қирғизистон. Таъсираш ба Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Рӯзи 24 октябр дар кори интернет дар Қирғизистон мушкилиҳои сартосарӣ ба мушоҳида расид. Ба гуфтаи сокинон, суръати интернет аз 16 мегабити маъмулӣ дар як сония то 256 килобит ё худ 2 мегабит даряк сония поин рафт. Ширкатҳои Қирғизистон хабар доданд, ки дар шабакаҳои магистралӣ садама рух додааст.

Ҳамчунин операторони Қирғизистон, аз ҷумла «Акнет», «MegaCom» ва «О!» дар сомонаҳои худ дар бораи мушкилоти муваққатии техникӣ иттилоъ доданд. Дар дигар ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) низ поинравии суръати интернет ба мушоҳида расид. Ширкатҳо зикр мекунанд, ки пайи рафъи мушкилотанд.

Дар Тоҷикистон низ мушкилот бо суръат ба назар мерасад. Бархе аз коршиносон инро бо вазъият дар Қирғизистон марбут медонанд.

Дар Тоҷикистон интернет транзитӣ буда, хатҳои он тариқи Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузаранд.

“Ҳар боре, ки дар Қирғизистон як навъ эътироз мешавад, дар он ҷо вобаста ба интернет ва алоқа мушкил рӯйи кор меояд. Сипас суръат дар мо ҳам поин меравад. Агар ба ин робита надошта бошад, пас чаро дар рӯзҳои дигар ин гуна ҳолат мушоҳида намешавад? Ба эҳтимоли зиёд, ин маҳз ба вазъи сиёсии ин кишвар вобаста аст”, – гуфт ба “Азия-Плюс” мутахассиси яке аз ширкатҳои фароҳамсози интернет дар Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки чандест дар Қирғизистон дар мавриди ба Ӯзбекистон додани обанбори Кампиробод эътирозҳо ҷараён доранд. Дар ин робита чанде пеш зиёда аз 20 нафар мухолифинро ба гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ ба ҳабс гирифтанд.

“Имрӯз интернет дар мо хеле суст аст. Дар муқоиса бо рӯзҳои пеш мушкилот ба назар мерасад, масалан дар Babilon-Mobile. Шояд ин ба баъзе мушкилот дар дохили худи ширкат вобаста бошад. Интернети Мегафон-Тоҷикистон каме беҳтар кор мекунад, шояд барои он бошад, ки онҳо канали худро доранд. Ба эҳтимоли зиёд, мушкилот ба Қирғизистон вобаста аст”, – мегӯяд коршиноси мустақил Рустам Гулов.

Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, “кори интернет дар кишвар муътадил аст” ва даъват мекунанд, ки ба “хабарҳои бардурӯғ” бовар накунем.

“Ҳамаи шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва интернет дуруст кор мекунанд. Танҳо рӯзҳои 14-15 октябр кори пойгоҳҳо (базаҳо) барқасдона аз он ҷониб (Қирғизистон) бурида шуд, лекин мо ҳамаашро барқарор кардем. Низоми огоҳкунии мо бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад ва ҳангоми пайдо шудани ҳама гуна мушкилот, онро бартараф месозем. Агар дар мо бо интернет мушкилот пайдо шавад, ин ба қатъи интиқоли барқ дар ҳолатҳои садама вобаста аст", – изҳор дошт ба "Азия-Плюс" муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Илҳом Атоев.

Ӯ зикр кард, ки мушкилот дар Қирғизистон ба кори интернет дар Тоҷикистон таъсир намерасонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...