Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш ИА ва ОМ ва мулоқоти ӯ бо Шарл Мишел

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми октябр, дар шаҳри Остона, дар нахустин мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ кард.

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат бо нашри чанд акс аз  ин ҳамоиш хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш, чорабинии имрӯзаро боз як имкони хуби муҳокима ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар пасманзари тағйироти геополитикии ҷаҳонӣ донистааст, ки ба таҳкими рушди созандаи ҳамкории байниминтақавӣ нигаронида шудааст.

Ӯ аз қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати расондани кумак дар давраи пандемияи КОВИД-19 сипос гуфтааст.

“Таъкид гардид, ки Тоҷикистон кушишҳои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳоро, ки ба рушди устувори минбаъдаи кишварҳои мо нигаронида шудаанд, комилан дастгирӣ мекунад”,- навиштааст Хадамоти матбуотии президент.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин оид ба имкони таҳкиму тавсеаи робитаҳои кишварҳо дар чаҳорчуби “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиётию логистикӣ, энергетика, ҳамкорӣ дар самти “нерӯи сабз”, ҷумла тавассути истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, андешаронӣ кардааст.

“Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши обхезӣ ва омадани сел, хушксолӣ ва таъсири манфии ин падидаҳо ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд, аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки вобаста ба ҳалли онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои асоснок манзур намуданд”, – омадааст дар хабари Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин нишаст бо президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карда, маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ кард.

“Дар рафти мулоқот таҳкими шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” дар Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб маънидод гардид”,- навишт Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ҳамчунин, ҷонибҳо қазияи Афғонистон ва ҳамкориҳоро дар самти ҳифзи сарҳад дар чаҳорчӯби татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷониби Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки дар масоили Афғонистон Тоҷикистонро шарики муҳими худ ҳисобида, минбаъд низ дар ҳалли қазияи ин кишвари ҳамсоя, бахусус, мустаҳкам намудани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамкориҳои муфидро роҳандозӣ хоҳад намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...