Инсон ҳарчи бо сухани шифоӣ мегӯяд, ба ҳар ҳол як навъ осон ба назар мерасад. Вале андешидану навиштан ҳамеша мушкил буду мушкил монду мушкил мемонад. Бинобар ин, сухан бояд дар қолаби ҳунарӣ, хоса шеърӣ нигошта шавад то нақше ҷовидон ба ёдгор монад. Ба ин хотир чанд ҳарфи дилу ёд рӯйи варақ менигорам бо ҳарфи калон ба бузургдошти ИНСОНЕ.
Инак, пешорӯйи ман марде бо ҳайкали зиндаи сухан нишастааст. Ман ба симои нуронӣ, андешаманд, чашмони пур аз меҳри ӯ дар олами хаёлу руъёҳо назар меафканам ва бо меҳр номашро ба забон мегирам: ҲУМДИН ШАРИФИ АЗИЗ. Буд, ҳаст ва мемонад Ӯ. Шоиста аст, ки авлодҳо ӯро донанд, шоиста аст, ки имрӯзиён аз ӯ дарси ибрат гиранд. Муносиб аст, ки ӯ чун зинда бо зиндаҳо дар олами ёдҳо бо мо бошад, балки бо ифтихор ёд кардани Ӯ қарзи инсонии мост. Бале, Ӯ бо мост, Ӯ бо мо нафас мегирад. Ӯ бо мо ба ояндаҳо қадам мемонад. Ӯ бо мо оянда месозад. Таҳкурсии ин оянда бо дастони созандаи ӯ хиштҳои заррин дорад, хиштҳои заррин. Оре, Ӯ хишти заррин дар бинои ояндаи халқу миллати хеш гузошт.
…Гуфтан осон аст, сохтан мушкил. Хонаро яку якбора сохта намешавад. Барои сохтан фурсат лозим аст, барои сохтан қудрат лозим меояд. Азму иродаи қавӣ доштан зарур аст. Як қувва дар танҳоӣ чизе нест. Барои ин қудрат, тавоноӣ, андеша, талош, биниш, ҳунар, аз ҳама муҳим неруи дастҷамъона доштан лозим аст. Як гул ҳеҷ гоҳ баҳор намешавад…
Пас бо нигоҳи ояндабинонаи Пешво ба ҳам будан зарур аст. Боҳамиро ҳеҷ гоҳ шикаста намешавад, агар неруи мустаҳками ақлонӣ ёвар бошад. Бубинед, чӣ қадар ин кор дар оғоз мушкил аст.
Ҳумдин Шариф неруи мустаҳками ақлонӣ ва ташкилотчигии бузург дошт. Ифтихормандона Ӯ аз рӯзҳои аввал бо сарвари давлат ҳамдилу ҳампаҳлу буд ва то охирин нафас бо Пешво содиқ монд. Рӯзҳои мушкил буд, не балки рӯзҳои даҳшатбор буд он рӯзҳо. Аллакай неруҳои мухолифи берунию дарунӣ тарҳи барҳам додани тозадавлати тоҷиконро кашида буданд.
Аллакай давлат набуд, вале хусабозиҳои зерипардагии даҳшатангез дасти ғолибият доштанд. Бо ин мақсад қувваҳои исломиро ба бозии хандахаришонаашон иштиёқ додаанд. Ин қувваҳо, яъне неруҳои исломӣ фаромӯш карда буданд, ки аллакай бо пову қадами давлати Шӯравӣ оғоз аз Баҳри Сиёҳ то қуллаҳои баланди Бадахшон чун гарди нодаркор руфта партофта шуда буданд. Вале дар чор кӯҳ, чор санг, чор кулухи Тоҷикистон онҳоро гӯё аз хоби гарон боз бедор карданд. Бозидорандагони пасипардагӣ кайҳо онҳоро ба бозии маргборашон маргофаринӣ мекарданд, вале инро онҳоро намедонистанд…
Шодихурдагони ин бозӣ ҳеҷ намедонистанд, ки бо ҳама ҳаммаслаконашон аз бозичае беш нестанд. Намедонистанд, ки бо ин хилофатофарӣ талоши ниҳонию ниҳоияшон беш аз барҳам додани навдавлати навташкили Тоҷикистони азиз дигар чизе нест. Ба ҳар ҳол чор кӯҳ, чор санг, чор кулухи тоҷикро бо муштҳои бехабарӣ, ба ҷанг кашиданд, бо муштҳои аз ҳампошии чор кӯҳу санг ва чор кулух.
Ана дар ҳамин рӯз таърих боз лабхандаи меҳр бо ҳукми Худованд барои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод. Ҳаммаслаконашро низ ва Шумо, Ҳумдин Шарифови азиз, аз ҷумла аввалин ҳаммаслаконаш будед, аз ҷумлаи содиқтарин ҳаммаслакон. Бо сарвар рӯзҳои сахтро паси сар кардед.
Таърих меофарад ва барҳам медиҳад. Офарандагони таърих бошад, аз ҷумлаи некбахтонанд. Шумо аз ҷумлаи некбахтон будед, Ҳумдин Шарифови азиз, ки дар паҳлуи сарвари давлат бо ҷонфидоӣ рост истодед ва шарафмандона дар сафи ифтихории офарандагони таърихи нави тоҷик қарор доштед, Шумо фахри ин миллат будеду ҳастед.
…Ман ӯро аз овони донишҷӯйиаш дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб мешиносам. Бо яке аз хешовандонам аз Фархор-Зайниддин шарикдарс буданд ва медонистам, ки ӯ аз деҳаи Бобосафол аст, агар фаромӯш нашуда бошад, Бобосафоли Поён. Мардуми ин маҳалҳо муҳоҷиранд, аксар аз Балҷавону Сари Хосор. Онҳо қамишзорҳои пур аз кӯршапараки Фархорро бо заҳмати сангин ба гулистон табдил доданду ин ҷо муқимӣ шуданд ва донистани ин барои насли ҷавони имрӯза зарур аст, ки бобоҳояшон бо чи заҳматҳои сангин ин мавзеъҳои ноободро ба чи заҳмат обод карданд. Аҳли оила ва пайвандони калонсоли Ҳумдин ана ҳамин рӯзҳои сахтро дар ин мавзеъ паси сар карданд ва дар гул-гулшукуфоии ин мавзеи Фархор арақи ҷабин резонданд ва Ҳумдин Шарифов дар ҳамин муҳит ба воя расида ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ ба дараҷаи корҳои роҳбарии бахши судии мамлакат расида буданд.
Дар давраи раиси суди вилояти Кӯлоб буданаш ман раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб будам. Азбаски вилоят навташкил буд, иҷрои корҳои роҳбарӣ низ мушкилҳои зиёд дошт. Корҳои ҳама соҳаҳоро ба низоми тоза ворид сохтан лозим буд, ки ин корҳо талоши шабонарӯзро пеш мегузоштанд.
Роҳбари вилоят муҳтарам Аҳмадҷон Ҳисомиддин гурӯҳи махсуси корӣ созмон дод, ки дар ин гурӯҳ ману муҳтарам Ҳумдин ҳам шомил будем. Ин гурӯҳ дар байни мардум бо номи «Шербачаҳо» маълуму машҳур буд ва воқеан барои корҳои зиёди азнавсозии вилоятро дар як қолаби муайян ворид сохтан хизмати ин гурӯҳ кам набуд. Ҳумдин Шарифов ҳамчун Раиси суди вилоят ва ҳамчун шахси кордон ба мо дар ин гурӯҳ корҳои зиёди роҳнамоиро дар соҳаи худ ва иҷрои дигар супоришҳо ба ҷо меовард. Ӯ бо суҳбат, кордонӣ, роҳнамоӣ аз азизтарин шахсон буд, ки обрӯ, шаъну шараф ва пешрафти соҳаи худ ва дигар соҳаҳоро дар доираи талаботи тозаи вилоят маҷрои назаррас мебахшад ва барои мо намунаи ибрат нишон медод, ки қиссаҳои он рӯзҳо хеле дуру дароз буда, дар мақолаи мо ҷойи ғунҷоиш надорад.
Ман ҳамин қадарро хотирнишон карданиям, ки Ҳумдин Шарифов аз шахсиятҳои марказии ин гурӯҳ барои низоми нави кории вилояти навташкил буд.
Кор он гуна вазнин буд, ки ман аллакай дар байни ду сол дардманд шуда будам. Вале Ҳумдин Шарифов бо қувваи ҷавонӣ дар низоми корҳои вилоят мондашавиро намедонист. Ӯ қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва кордонӣ дошт. Ба қавли Аҳмадҷон Ҳисомиддинов метавонист «Ҳеҷро ҳаст» кунад, яъне аз ҳеҷ чиз метавонист чизе офарад. Ин буд, ки дар муддати кӯтоҳ низоми корҳои роҳбарӣ ва иҷрочигии вилоят дар қолаби зарӯрӣ ворид шуд ва вилояти як вақт барҳамхурдаи Кӯлоб боз маҷрои пешсафии худро дар мавқеи зарурӣ шарафмандона нигоҳ дошт, ки дар ин корҳо талошҳои Ҳумдин Шариф махсус ба забон оварда мешуд. Натиҷаи ин корҳо буд, ки баъдтар Ҳумдин Шариф дар корҳои масъули раиси суди вилояти Хатлон, Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фаъолият кард ва сипас наздики 10 сол Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Баъдтар ӯ аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб вакили маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, ки ман яке аз шахсони бовариноки ӯ дар ин интихобот будам… Ӯ аз рӯзҳои аввал аз содиқтарин муборизони роҳи ҳокимияти конститутсионӣ буд ва бо ҳамин симои абадияти хотирмон дар ёдҳо ҷо гирифт.
Хислатҳои неки ин марди бузург китоб-китоб суханро мехоҳад. Ман ӯро сидқан эҳтиром мекардаму дӯст медоштам ва ин нигоштаамро ин ҷо ба хотимаи навишти кӯтоҳи худ муносиб медонам:
Дар зикри ёди ҷовиди Ҳумдин Шарифови азиз.
Доимо ёди Шумо дар дили мо зинда бувад,
Ба азизии пур аз меҳри Шумо зинда бувад.
Зинда будан набувад он ки ту дар сад биравӣ,
Ба Ватан он ки худаш кард фидо, зинда бувад.
Эй фидоии Ватан бо дилу имони бузург,
Номатон дар дили мо монд чу инсони бузург.
Ёдгоҳи дили мо ҷойи каси пуршон аст,
Ҷойи мардони накӯному накӯпаймон аст.
Ҷойи мардони бузурги башару миллати хеш,
Ҷойи оне, ки ба афкори накӯ дар ҷон аст.
Эй фидоии Ватан бо дилу имони бузург,
Номатон дар дили мо монд чу инсони бузург.
Башарият ҳама дам номварон мехоҳад,
Чун Шумо шахси фидоии замон мехоҳад.
Чун Шумо боҷигару покназар покният,
Чун Шумо ҳамдами аслу ҳамадон мехоҳад.
Эй фидоии Ватан бо дилу имони бузург,
Номатон дар дили мо монд чу инсони бузург.
Ҳама ҷо дар ҳама дил ёди Шумо нақш шудаст,
Хислати некӯву имдоди Шумо нақш шудаст.
Баски хушбину хушатвору хушармон будаед,
Ин сифат дар дили авлоди Шумо нақш шудаст.
Эй фидоии Ватан бо дилу имони бузург,
Номатон дар дили мо монд чу инсони бузург.
Пешво, ки ба бузургӣ бишиносад ҳамаро,
Бишиносад ҳамаро аз назари меҳру вафо.
З-имтиҳонаш, ки Шумо хуб гирифтед баҳо,
Ҷоятон монд ба дил бо ҳамаи мартабаҳо.
Эй фидоии Ватан бо дилу имони бузург,
Номатон дар дили мо монд чу инсони бузург.


