Эмомалӣ Раҳмон 400 маротиба ба хориҷа рафтааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар 30 соли роҳбарии худ 400 маротиба ба кишварҳои хориҷа сафар кардааст. Ӯ аз ҳама бештар ба Русия рафтааст: 68 маротиба.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба харитаи сафарҳои хориҷии президенти Тоҷикистон, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст, хабар медиҳад.

Манбаъ навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то моҳи августи соли 2022 18 маротиба ба Чин, 17 маротиба ба Амрико, 11 маротиба ба Эрон сафар кардааст.

Ба навиштаи ин расона, ин сафарҳо баҳри рушди ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки харитаи сафарҳои хориҷии президенти Тоҷикистон дар солҳои 1992-2022 ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» омода ва ба намоиш бароварда шудааст.

“Харита шакли чоркунҷа дошта, ҳаҷмаш 150 х 130 см мебошад. Харитаи мазкур доир ба сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992-2022 маълумоти фаровонро дар бар гирифта, дар манзари харитаи ҷаҳон бо тасвири аломатҳои муосири харитасозӣ ва феҳрист доир ба таърихи рӯз, шаҳр, давлат ва мақсади сафари Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинанда маълумот медиҳад”,- омадааст дар хабар.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...