“Фурсати донистан”: Раиси шаҳру ноҳия кадом санадҳоро қабул карда метавонанд?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи расмиёти маъмурӣ дар соҳаи идоракунии маҳалро баррасӣ карданд.

Мувофиқи қонун раиси шаҳр ё ноҳия кадом намуд санадҳо қабул менамояд? Тартиби ба қайд гирифтани санадҳои мазкур чӣ гуна мебошад?

Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатӣ» санаи 17-уми майи соли 2004 қабул гардидааст. Қонуни конститутсионии мазкур тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро танзим мекунад.

Зимнан қайд менамоем, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунанд.

Масъалаи мазкур дар моддаи 19-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи маҷомоти маҳаллии ҳокимяти давлатӣ» танзим ёфтааст:

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи ваколати худ қарор ва амр қабул мекунад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар шакли қарор қабул карда мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бояд ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоxикистон барои баҳисобгирии давлатӣ, санҷиш ва бақайдгирӣ фиристода шаванд.

Зимнан қайд менамоем, ки қарорҳои хусусияти фардӣ ва ташкилии амрдиҳӣ дошта, инчунин амрҳои раис санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.

Агар ягон санади раиси ноҳиё ё шаҳр ғайриқонунӣ бошад, пас кадом мақомот ҳуқуқи бекор кардани санади Раиси ноҳия ё шаҳрро дорад? Қонун оиди ин масъала чӣ гуна муқарарот пешбинӣ намудааст?

Мувофиқи талаботи моддаи 19-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатӣ» раис метавонад санадҳои худро тағйир диҳад ва ё бекор кунад. Санади раис аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси болоӣ, худи раис, Маҷлиси вакилони халқии дахлдор, инчунин аз тарафи суд пурра ё қисман бекор карда мешавад.

Дар мавриди ба вуҷуд омадани баҳс, баҳсҳо оиди беэътибор донистани санадҳои Раиси ноҳия ё  шаҳр аз ҷониби суд баррасӣ карда мешаванд.

Ҳуқуқи шикоят намудан нисбати  санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар қонун пешбинӣ гардидааст ё не? Эътирози прокурор аз болои санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатӣ аз ҷониби кадом мақомот баррасӣ карда мешавад?

Ҳуқуқи шикоят намудан ба суд нисбат ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар моддаи 35-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатӣ» кафолат дода шудааст. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шикоят намоянд.

Дар моддаи 36-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатӣ» тартиби  баррасии эътирози прокурор оид ба санадҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудааст:

Санадҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳия, ки аз рӯи онҳо прокурор эътироз баён кардааст, дар иҷлосияи он барраси карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътирози прокурор аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ прокурор метавонад ба мақомоти намояндагии болои ё суд муроҷиат намояд.

Санадҳои Раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия, ки аз рӯи онҳо прокурор эътироз баён кардааст, аз ҷониби раиси дахлдор баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати Қонеъ нагардидани эътироз прокурор метавонад ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии болоӣ, ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё суд муроҷиат намояд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...