Ҳамла ба муштзан Меҳрубон Сангинов дар Душанбе. Ӯ куҷо шуд?

Муштзан Меҳрубон Сангинов айни замон дар ИМА аз давраи табобат мегузарад. Вақте ки моҳи октябр ба Душанбе омада буд, аз зарби корд захм гирифта буд. Рӯзи 10 октябр як гурӯҳи афроди номаълум ба ӯ дарафтода, яке аз онҳо ба қисмати қафаси синааш бо корд ду зарба зада буд. Муштзани касбии тоҷик Меҳрубон Сангнов моҳи июли […]

Муштзан Меҳрубон Сангинов айни замон дар ИМА аз давраи табобат мегузарад. Вақте ки моҳи октябр ба Душанбе омада буд, аз зарби корд захм гирифта буд. Рӯзи 10 октябр як гурӯҳи афроди номаълум ба ӯ дарафтода, яке аз онҳо ба қисмати қафаси синааш бо корд ду зарба зада буд.

Муштзани касбии тоҷик Меҳрубон Сангнов моҳи июли соли 2022 рақибаш аз Колумбия Ҷанер Гонсалесро бо нокаут мағлуб намуда, аз зинаи 14-уми радабандӣ (рейтинг)-и Ассостисатсияи ҷаҳонии бокс якбора 5 зина – то мақомои 9-ум боло рафт. Сипас дар бораи ӯ ҳеҷ хабаре набуд. Чанд рӯз пеш  ӯ ба “Азия-Плюс” дар бораи тайи 4 моҳи ахир дар куҷо бедарак буданаш қисса кард.

Пас аз қувваозмоӣ бо Гонсалес ба ӯ имкон дода шуд, ки ҳамчун довталаби ҳатмӣ ҷиҳати соҳиб шудан ба унвони қаҳрамони ҷаҳони WBA моҳи декабри соли равон дар Орландо рақобат кунад.

Дар ин робита, Меҳрубон қарор дод, ки пеш аз оғози омодагӣ ба ин рақобат рухсатӣ гирифта, ба дидорбинии наздиконаш Душанбе ояд.

Лекин мутаассифона, дар шаҳри Душанбе ҳодисае рух дод, ки муштзан ҳатто тасаввур карда наметавонист.

“Як бегоҳӣ бачаҳо бо меҳмонони пойтахти мо ба муноқиша пардохтанд, – қисса кард ӯ. –  Ман ба онҳо эрод гирифтам, ки бо меҳмонон ин тавр рафтор кардан лозим нест. Ин вақт онҳо ногаҳон ба ман дарафтода, яке аз онҳо бо корд ба ман ду зарба зад”.

Ба гуфтаи Сангинов, ки роҳбари Федератсияи бокси Душанбе низ мебошад, дар беморхонаи ёрии таъҷилии Душанбе ӯро ҷарроҳӣ намуда, барояш зери назари табибон ба муҳлати аз 2 то 4 моҳ табобат таъин намуданд.

“Се ҳафта пас аз ин ҳодиса дар Душанбе қарор дошта, пас аз ин барои идомаи муолиҷа ба ИМА  рафтам”, – мегӯяд Сангинов.

Ӯ аз он ошуфта аст, ки қувваозмоӣ бекор шуда, ӯ натавонист, ки барои унвон рақобат кунад.

“Ҳар рӯз мухлисонам менависанд, ки куҷо “бедарак шудаам”. Аз ин рӯ, лозим донистам, ки ба онҳо шарҳ бидиҳам. Шукри Худо, ки зинда мондам. Ҳатман саломатии худро барқарор намуда, ба майдон баҳри ҳимояи шарафи кишвар бармегардам”, – иброз дошт вай.

Меҳрубон Сангинов бо итминон мегӯяд, ба онҳое, ки ба ӯ ҳамла карданд, мақомот ҷазои сазовор медиҳанд.

“Ана ҳамин тавр ман ба хона рухсатӣ рафтам!”, – илова кард Меҳрубон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.