Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия барқияи тасаллият фиристод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари давлати Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар робита ба ҳалок ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум дар ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки “хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари давлати Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар робита ба ҳалок ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум дар ин кишвар барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки “хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истамбул боиси андуҳи амиқи мо гардид”.

“Таъзия ва таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дӯсти Туркия ва аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – омадааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки дар пайи таркиши бомба, ки шаби 13-уми ноябр дар маркази шаҳри Истамбули Туркия рух дод, 6 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ба ин ҳодиса як зане даст доштааст, ки бастаи бомбадорро дар роҳи пиёдагузари серодам гузоштааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.