Фурӯравии 40 гӯр дар қабристони Найсавори шаҳри Хуҷанд

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Бар асари боронгариҳои моҳи ахир қабристонҳои шаҳри Хуҷанд осеби ҷиддӣ дида, танҳо дар як оромгоҳи Найсавори маҳаллаи Себзор наздики 40 қабр пурра фурӯ рафтааст.

Имрӯз, 14-уми ноябр, вақте ба қабристони мазкур рафтем мушоҳида мешуд, ки он хароб гашта, гӯрҳои зиёд фурӯ рафтаанд ва танҳо ду нафар – гӯрбони оромгоҳ ва сокини маҳалла ба рафъи зарар ва барқароркунии гӯрҳо машғул буданд.

Яке аз онҳо Ҷумъабой Қосимов, гӯрбони оромгоҳи Найсавор буд, ки “дар роҳи Худо” гӯрҳоро барқарор мекард.Ӯ гуфт, ки дар пайи боронгарӣ 40 гӯр хароб шудааст.

Вақте мо аз ӯ сабаби фурӯравии гӯрҳоро пурсидем, таърихи қадима доштан ва кӯҳна шудани оромгоҳро ҳамчун далел муаррифӣ намуд.

“Мо ин манзараро тариқи телевизиони маҳаллӣ нишон додем, то соҳибони қабрҳо аз ҳолати кор огоҳ шаванд ва омада қабрҳои назиконашонро обод кунанд. Чун бе иҷозати соҳибони қабр мо ҳақ надорем онро таъмир кунем”, – мегӯяд Ҷумъабой Қосимов.

Ӯ таъкид мекунад, ки баъди пахши гузориши телевизионӣ одамон омада, қабрҳои осебдидаи наздиконашонро обод карда истодаанд.

“То ҳол 20 гӯр обод карда шудааст ва барои пурра барқарор кардани гӯрҳои боқимонда вақт лозим аст”, – иброз менамояд Ҷумъабой Қосимов.

Мақбараҳои вазнин

Барои пайдо кардани маълумоти бештар мо Эҳсон Музаффаров, назоратичии оромгоҳи Найсаворро пайдо кардем. Ӯ мегӯяд, ки оромгоҳи Найсавор 5 обрав дорад, аммо дар боришоти зиёди борони моҳи гузашта ин обравҳо низ пур шудаву тавони партофти обро надоштанд.

Ба ақидаи Эҳсон Музаффарон ин оромгоҳ таърихи беш аз 350-сола дорад яке аз сабабҳои асосии фуруравии қабрҳо дар вазнинии онҳо аст. Ба гуфтаи ӯ санг ва хиштҳое, ки болои қабр мегузаронд бояд кам ва сабук бошанд.

“Бештари қабрҳо аз сабаби вазнинӣ осебпазир мегарданд. Масалан, барои бунёди мақбара дар баъзе қабрҳо то 600 хишти пухтаро истифода мекунанд. Ба назари ман, аз нигоҳи ислом низ ин дуруст нест. Бигзор як санги хурдакак ё аломати махсус монанд, то пайвандонашон барои зиёрат омада, гум накунанд, ҳамин  кифоя аст”, – Эҳсон Музаффарон.

Тавре аз суҳбат бо масъулини ин оромгоҳ иттилоъ ёфтем ҳоло аз минтақаи “Колхози 40-солагии Октябр” барои бунёди оромгоҳ як гектар замин ҷудо карда шудааст ва бошандагони маҳаллаҳои атрофи оромгоҳи Найсавор мурдаҳои навро ба он ҷо бурда гуронида истодаанд ва номи онро Найсавори Валӣ-2 гузоштаанд.

Бино ба иттилои Қаҳрамон Ахмедов, сардори шӯъбаи маросими дафни ҳукумати шаҳри Хуҷанд, дар натиҷаи  боронгариҳои ахир 5 – 6 оромгоҳи шаҳр зарар дидаанд ва ҳоло корҳои барқароркунӣ идома дорад.

Маҷмӯан, дар шаҳри Хуҷанд 16 оромгоҳ мавҷуд буда, аз ин сетои он қабристони ғайримусалмонӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...