Тифли 8 миллиардаи сайёраи Замин дар Арманистон ба дунё омад

Asia-Plus

Ҳашт миллиардумин одами сайёраи Замин – духтарча Арпи дар Арманистон таваллуд шуд. Ӯ дар шаҳри Мартуни вилояти Гегаркуники Арманистон ба дунё омад. Дар ин бора Карен Саркисян, раиси вилояти Гегаркуник рӯзи сешанбе дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт.

“Тибқи маълумоти нашршуда ва тасдиқшудаи ЮНИСЕФ, дар таваллудхонаи вилояти Гегаркуник ҳашт миллиардумин одами сайёраи Замин чашм ба олами ҳастӣ кушод. Тифли навзод Арпи духтари Карен Закарян ва Ани Кочарян, сокинони деҳаи Совинар мебошад, ки вазнаш 2 килову 900 грамм ва қадаш 49 сантиметрро ташкил дода, комилан солим таваллуд шуд. Оилаи тифли навзодро табрик намуда, ба Арпии хурдакак даврони ъхуши тифливу кӯдакӣ ва ояндаи дурахшон орзу дорам”, – гуфтааст ӯ.

Тибқи маълумоти СММ, дар 12 сол шумораи аҳолии ҷаҳон 1 миллиард нафар афзудааст. Аз ҳама бештар дар Осиё ва Африқо. Пештозҳо Чин ва Ҳиндустон мебошанд – ҳар кадом тақрибан 1,5 миллиард нафар.

Мувофиқи гузориши СММ, соли 2040 аҳолии сайёра ба 9 млрд нафар мерасад, яъне на баъди 12, балки 18 сол. Сабабаш сатҳи пасти устувори таваллуд ва дар баъзе ҳолатҳо сатҳи баланди муҳоҷират. Аллакай соли 2100 шумори аҳолии ҷаҳон метавонад ба 12 млрд нафар расад.

Тайи 200 соли ахир шумори аҳолии сайёра 8 баробар зиёд шудааст. Агар аввали солҳои 1900-ум дар сайёраи Замин 1,6 млрд нафар одамон зиндагӣ мекарданд, пас соли 2000-ум аллакай ба 6 млрд нафар расиданд. Афзоиши босуръат дар натиҷаи рушди соҳати тиб ва ваксинзанӣ, низоми роҳандозишудаи таъминоти иҷтимоӣ, инчунин дастрасӣ ба обӣ нӯшокӣ ба амал омад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?

Шарҳи ҳафт масъалаи муҳиму рӯзмарра дар бораи гирифтани ҷубронпулӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...