Содир Ҷабборов гуфтааст, масъалаи марз бо Тоҷикистон шояд то Соли нав ҳал шавад

Asia-Plus

Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон ваъда додааст, ки тарҳи созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон то Соли нав омода ва ба парлумони ин кишвар пешниҳод мешавад, хабар медиҳад 24.kg.

«Худо хоҳад, масъалаи марз бо Тоҷикистонро ҳал мекунем. Агар монеа набошад, то Соли нав тамом мекунем. Мо бояд бо чаҳор кишваре, ки бо онҳо ҳамсарҳадем, дар ҳамфикрӣ ва дӯстӣ зиндагӣ кунем. Ягон шаҳрванд ва сарбоз набояд кушта шавад. Пеш аз ҳама, мо бояд дар ин бора андеша кунем”,-гуфтааст Содир Ҷабборов дирӯз,  17-уми ноябр, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон.

Ба гузориши манбаъ, вай таъкид кардааст, ки “агар имрӯз масоҳати кишвар 199 ҳазор километри мураббаъ бошад, пас аз ҳалли ин масъала он ба 210 ҳазор мерасад”.

“Бо Тоҷикистон ҳам ҳал хоҳем кард. Мо бояд Қирғизистони муттаҳид ва амн бошем. Ҳоло мо муттаҳид нестем. Мо ҳоло ҳама чизро барқарор мекунем. Шумо инро дидед, мо ҳуҷҷатро нишон додем. Пас аз ҳалли масъалаи сарҳад ва тасвиб, сулҳ на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ барқарор хоҳад шуд”, – афзудааст Содир Ҷабборов.

Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа Содир Ҷабборов ҳамчунин, гуфтааст, ки ба мавзеи Торт-Кочо (Зарафшони Тоҷикистон) дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми ҳудуди бетараф дода мешавад. 

Ин мавзеъе аст, ки Қирғизистон,дар соли 2009 ба муҳлати 49 сол ба иҷора гирифта буд, ва ҳоло мегӯяд он баҳсӣ аст.

Дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ду кишвар дар мавриди 460 километри марзи 970 километр тавофуқ надоранд, ки боиси низоъ миёни сокинони маҳаллӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...