Роҳбари “Хирад”: Имрӯз пули солиме миёни муаллифу ношир ва хонанда вуҷуд надорад

Date:

Абдуҷалили Амон ду сол ба ин ҷониб ба тарҷума ва нашри серхонандатарин китобҳои олам машғул аст ва раҳбарии Маркази “Хирад”-ро ба зимма дорад. Маркази мазкур то имрӯз 25 номгӯй китоби серхонандатарини бадеӣ, ангезишӣ ва фалсафиро тарҷума ва нашр кардааст. То соли охир 5 номгӯйи дигар ба дасти хонанда мерасад. Дар ҳоле, ки зиёиён кори марказро қобили қадр медонанд, Абдуҷалили Амон мегӯяд, он мушкил аст.

Раҳбари маркази “Хирад” вазъи кунунии китобхониро дар кишвар боиси нигаронӣ медонад, вале дар ин баробар мегӯяд, “адабиёт ҳам баҳору хазон дорад”. Абдуҷалили Амон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” перомуни фаъолияти ин марказ ва нақшаҳояш ҳарф зад.

– Маркази “Хирад” чӣ гуна таъсис ёфт?

– Вақте китоби Жан-Пол Сартр “Адабиёт чист?” ва “Чаро адабиёт?”-и Марио Варгас Лиосаро хондам, ба хулоса омадам, ки  бояд ҳар чӣ барвақтар китобҳои хондании ҷаҳонро ба ҳамватанон дастарс гардонем. Барои ҳамин “Хирад” таъсис ёфт ва ҳадафи инсонро бо китоб ошно карданро дар пеш гузошт.

– Ҳоло бо Шумо чӣ шахсоне кор мекунанд ва чӣ қадр шавқманди тарҷумонӣ ҳастанд?

– Имрӯз дар Маркази “Хирад” беҳтарин тарҷумонон ва донандагони адабиёт ва мутахассисони тоҷик, ба мисли Шодимуҳаммад Сӯфизода, Абдуқодири Рустам, Обид Шакурзода, Шодӣ Шокирзода, Мубашшири Акбарзод, Абдухолиқ Набавӣ мушовир ва роҳнамоӣ мо ҳастанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Маблағгузори Маркази “Хирад” кӣ аст ва бо чӣ даромаде корро пеш мебаред?

– Кори мо аз ҷониби ширкати “Коиноти нав” маблағгузорӣ мешавад ва фурӯши китобҳои нашргардида ба он кӯмак мерасонад. Тиражи китобҳои мо аз 500 то 1000 нусха аст ва танҳо пас аз фурӯши ин теъдод, онро дигарбора аз чоп мебарорем.

– Воқеан, Маркази “Хирад” китобҳоро аз кадомин забонҳо тарҷума мекунад ва оё забони асли китоб комилан ҳифз мешавад?

– Мо китобҳоро аз забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума мекунем ва аз форсӣ ба тоҷикӣ баргардон менамоем. Албатта, мо забони аслии китобро риоят менамоем ва қабл аз нашр ҳатман онро муқоиса мекунем.

Китобхонаи миллӣ китоби нав надорад

– Аммо то куҷо хостаҳои як хонанда бароварда мешавад?

– Ҳоло китобҳои хуб ба забони тоҷикӣ тарҷума ва баргардон мешаванд. Аммо ба дасти хонанда намерасанд. Имрӯз пули солиме миёни муаллиф, ношир ва хонанда вуҷуд надорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Китобхонаи миллии Тоҷикистон хостаҳои хонандаашро бароварда карда наметавонад. Китобҳои навтарине, ки имрӯз дар кишвар тарҷума ва нашр мешавад, дар ин китобхона хеле кам аст ва ё аслан нест. Мо ба роҳбарияти китобхона, муроҷиат кардем, аммо таваҷҷӯҳ накарданд, ки китобҳои моро харидорӣ кунанд.

Ҳамин тавр, агар Китобхонаи миллӣ 100 китобро нусхабардории электронӣ (сканер) карда бошад, 80%-ашон ба талабот ҷавобгӯ нестанд, хонда намешаванд, саҳифа надоранд, кӯҳнаву дилгиркунандаанд. Акнун, аз китобхонаҳои музофотӣ чӣ гила кунем?

Аз пайванди се поя то баҳору хазони адабиёт

– Будани марказе чун “Хирад” дар ҷомеаи кунунии мо чӣ қадар аҳамият дорад?

– Инсон ҳеч вақт дар қолаб шахшуда боқӣ намемонад ва ҳатман рӯзе дигар мешавад. Андеша инсонро такон медиҳад. Инсон ҳамвора бо раванди ҷаҳонишавӣ ҳамроҳ мешавад ва ҳамеша навгонӣ мехоҳад. Алии Шариатӣ дуруст муайян мекунад, ки зиндагии инсон бар асоси асолати се поя – воқеият, зебоӣ ва хайр қарор дорад: воқеият ба василаи илм; хайр пойгаҳи ахлоқ ва зебоӣ зербинои ҳунар аст. Мо ва аҳли “Хирад” талош намудем, то ин се ҷанбаро ба ҳам пайвандем.

– Дар ин баробар, ҳолдонҳо бисёр нигаронӣ доранд, ки насли ҷавон фарсахҳо аз китоб ва мутолиа дур шудаанд. Назари Шумо чист?

– То оғози ҷанги шаҳрвандӣ ҷомеаи мо китобхон буданд, мегӯянд коршиносон, пас аз ин, бо омили сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, пайдоиши интернет, набудани китоб, надонистани забон, надоштани маблағ, тоза набудани пешниҳод, кӯтоҳии вақт аз ин неъмат дур шуданд. Аммо Маркази “Хирад” роҳҳои гуногуни хониши китобро ҷустуҷӯ дорад ва дар амал татбиқ менамояд.

Адабиёт ҳам баҳору хазон дорад

– Ҳоло чӣ қадар боварӣ доред?

– Боварии комил дорем. Адабиёт ҳам дар худ баҳору ҳазон дорад. Дар ҳама сурат, ноумед набояд шуд, ҳоло мо дар сардиҳои зимистон умр ба сар мебарем, албатта, ин гузаранда аст ва баҳори илму адаби хониши миллат ба зудӣ мерасад. Мо нақша дорем, ки теъдоди нашри китобҳоро дар ояндаи наздик ба 10 ҳазор нусха расонем. Дар наздиктарин фурсат фурӯши сайёрро ба роҳ мемонем ва китобҳои тарҷумакардаамонро то ба дурдасттарин минтақаҳои кишвар мерсонем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Яке аз ниятҳои дигарамон ин аст, ки муаллифони асарҳои тарҷумакардаамон – нависандагони маъруфи имрӯзи ҷаҳонро ба Тоҷикистон даъват намоем ва бо як ҳайати хонандагон вохӯриҳо гузаронем. Ҳоло бо Алиф Шафақ, нависандаи китоби “40 қонуни ишқ”, гуфтугӯ дорем.

– Аммо гуфта метавонед, ки ҷомеаи мо чӣ қадр ба ин омода ҳастанд ва заминаҳое гузошта мешавад ва ё на?

– Китобҳои бадеӣ, ангезишӣ ва фалсафие, ки то имрӯз мо тарҷума ва омодаи нашр кардем, танҳо заминае буданд, барои пазириши фикрҳои нав ва равандҳои ҷадиди тараққиёти ҷаҳонӣ.

Масалан, “Падари сарватманд, падари фақир”, ки имрӯз яке аз китобҳои серхонандатарин дар кишвар ба ҳисоб меравад, бори аввал дар соли 1990 ба табъ расида буд. Яъне, мо барои хондани ин китоб 32 сол дер кардем.

Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 дар ҷаҳон чӣ китоб ба нашр мерасад ва он ҷо сухан дар бораи чӣ меравад, мо намедонем, ё донем ҳам, ҳазм карда наметавонем. Барои он ки китоби дар соли 2022 аз чоп баромадаро ҷомеаи мо дарк карда тавонанд, моро зарур аст, ки холигии дар давоми чанд соли охир ба вуҷуд омадаро бартараф намоем.

“Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо”

– Ба фикри Шумо, нақши тарҷума ва дар баробари китобҳои миллӣ мутолиа намудани китобҳои хориҷӣ дар пешрафти ҷомеа чӣ андоза муҳим аст?

– Тарҷума пуле байни фарҳангҳо аст. Инсоният танҳо бо донистани зарфиятҳои ҳамдигар ва омехта шудани фарҳангҳо мукаммал мешавад. Ҷаҳон дар ояндаи наздик ба кадом самт меравад ва мо то чӣ андоза барои пазириши ин навгониҳои маънавӣ, илмӣ ва техникӣ омода ҳастем, танҳо бо иртиботи тарҷума мефаҳмем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шахс ҳамон вақте пеш меравад, ки кори мекардаашро дар баробари корҳои дигар ҳамнаслонаш мекарда, ба таносуб гузорад. Тарҷума барои ин муҳит фароҳам месозад, то амалкарди худро таҳлил кунем ва бурду бохтҳои худро муайян созем. Бидуни тарҷума мо “як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо” мезанем.

– Шумо аз рӯи кадом таҷриба китобҳоро тарҷума мекунед?

– Ҳамасола маҷаллаи “New York Times” китобҳои серхонандатарини оламро раддабандӣ мекунад ва мо аз ин феҳрист беҳтаринҳоро интихоб менамоем. Дар ибтидо мо тасмим гирифта будем, ки 10 китоби серхонандаи оламро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр мекунем. Пас аз ин, номгӯйи китобҳои мо ба 20 расид ва баъдан 50 ва ҳоло ба 100.

Занҷири мантиқии Маркази “Хирад”

– Аммо гуфта мешавад, ки китобҳои шумо ба ҳамдигар “занҷираи мантиқӣ” доранд. Шарҳ медиҳед?

– Бале, ин занҷира ба ҳам хеле пайванд аст ва зина ба зина инсонро мукаммал мегардонад. Агар хонанда китоби “Роз”-ро хонад, ба қудрати ботинии худ бовар мекунад. Вақте ки ба қудраташ бовар кард ва аз ҷо бархест, бояд рӯҳияи тавоно дошта бошад. Барои собитқадам будан мо китоби “Кимиёгар”-ро тавсия медиҳем. Ҳангоме хонандаи мо бар азми хеш собит монд, ба ӯ ҳатман дӯсту ёвар лозим мешавад: китоби “Оини дӯстёбӣ”. Вақте аз ин ҷиҳат ҳам хонанда омода шуд, роҳнамии мо китоби “Чӣ тавр ташвишу ҳаяҷонро пушти сар кунем, то ҳаётамон орому шод гузарад?” аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Акнун, ки қудрати худашро донист, соҳиби дӯстони зиёд шуд ва ташвишу ҳаяҷонро аз худ дур кард, навбати муваффақ шудан мерасад. Барои ин мо китоби “Сарватмандтарин марди Бобул”-ро тавсия медиҳем. Хонанда ҳине, ки ин китобро хонад, роҳҳои муваффақ шуданро аз худ мекунад. Аммо барои он ки дар роҳ пешпо нахӯрад, боз роҳнамоии мо “Падари сарватманд, падари фақир” аст. Пасон, китоби “Тиҷорати асри XXI” ва пас аз он, ки дар кораш бояд аз хуб ба олӣ гузарад, китоби “Аз хуб ба олӣ”-ро пешкаш менамоем.

Ҳамчунин, китоби “7 одати мардони муассир” ва “Девори Хуросон”-ро барои комил гардиданаш тавсия медиҳем.

Нохонда доно шудем

– Ба ҳар сурат, гуфтори ангезишӣ барои ҷомеаи мо чӣ қадар зарур аст? Ба андешаи Шумо, бо ин ҳама адабиёти классикӣ, ки лабрез аз панду таҷрибаи рӯзгор аст, боз ҳам ҷомеаи мо ба ангезиш ниёз доранд?

– Мо – тоҷикон замоне бо адабиёти рангинамон маҳдудаи кишварҳоро шикастем, убур кардем ва ҷаҳонӣ шудем. Ҳамаи панду андарзро бузургони классики мо гуфтанд ва олам ононро пазируфт. Аммо мо нохонда доно шудем. Имрӯз танҳо номи бузургонамонро медонем ва аз гуфторашон баҳрае набурдаем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Агар мо кам хуни худшиносӣ дошта бошем, агар китоби “Мунозира”-и Фитратро хонем, бидуни чуну чаро гиря мекунем. Вале кӣ хондааст? Танҳономи ин китобро шунидаанд.

Ё имрӯз мо бо номи “Маснавии маънавӣ” ифтихор мекунем, аммо оё медонед, ки аҳли зиёи мо онро нахондаанд? Ин ҳама ифтихорот хасакӣ нестанд? Ин бисёр аламовар аст.

Дар зиндагӣ зиндагӣ кунед

– Ягон нафар то имрӯз гуфтааст, ки китоби ангезишии шуморо хонда раванди зиндагиамро дигар кардам?

– Бале, аз садҳо мисол, якеро баён мекунам, ки воқеият аст, на воҳима: рӯзе дар канали телеграми “Хирад” наворе гузоштем, ки моҳичае дар дохили як қатра об рӯйи барг зинда мондааст. Зери он навиштае гузоштем: “Вақте Худо бихоҳад, ки коре бишавад, таҳти ҳар шароите мешавад, ҳатто дар душвортарин шароит. Пас дар зиндагӣ – зиндагӣ кунед!”.

Як ҷавон пас аз ду рӯз бо мо ба тамос шуд ва хоҳиши вохӯрӣ кард. Розӣ шудем, офис омад ва пас аз чанд ҷумла гирист. Ӯ гуфт, зиндагӣ ба сарам омада буд ва ҳамон лаҳзаҳо аз худ сер шуда будам, қасди худкушӣ кардам, танҳо ҳамин як ҷумла маро водор кард, то ба худ оям ва зиндагиро аз сар бигирам.

– Кори шумо чӣ мушкил дорад ва чӣ гуна ҳал кардан мехоҳед?

– Бисёр мегӯянд, ки ҷомеа аз китоб ва китобхонӣ дур шудааст, аммо пурсед, ки барои ин худат чӣ кардаӣ, хомӯш мемонанд. Ҳоло телевизион ва радиоҳои давлатӣ қариб, ки барномае надоранд, ки дар як ҳафта ақаллан як маротиба китоби наверо ба таври бояду шояд, ройгон, муаррифӣ намоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳатто расонаҳо ва блогнависони хусусӣ бидуни фоидаи молӣ розӣ намешаванд, ки дасташонро ба дасти мо диҳанд ва дар ин радиф саҳме гузошта бошанд. Ин бисёр дарднок аст.

Китобхонии офлайн барои нафарони имконияташон маҳдуд

– “Хирад” китобҳои аудиоӣ низ дорад. Мақсади хонишҳои аудиоӣ чӣ аст?

– Аслан, хонишҳои аудиоӣ барои нафароне, ки вақти кам ва ё ба хондани китоби чопӣ завқ надоранд ва ё ба афроди имконияташон маҳдуд омода мешавад. Барои нафароне, ки чашми бинову қувваи хоно доранд, айб аст, ки китоб нахонанд. Ҳатто мо ният дорем, ки ҳама китобҳои тарҷумакардаамонро ба таври савтӣ сабт намуда, барои ҳама хонаи маъюбон ройгон тақдим намоем.

– Китобҳои электронӣ ва мутолиаи он барои рушди тафаккур ва зеҳн нақш бозида метавонанд?

– Китоб хондан бояд як ҷузъи муҳими рӯзгори инсон гардад ва барои хондани он ҳеч баҳонае пеш омада наметавонад. Китоб хондан бояд барои инсон мисли хӯрдану хобидан зарур ва ҳатмӣ бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...