Дар Тоҷикистон иди нав пайдо шуд – «Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ»

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ки дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, мувофиқи лоиҳа ба моддаи 2-и қонун сархати 24-ум илова гардида, тибқи он, минбаъд 6 май ҳамчун «Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда мешавад.

“Дар ин замина, муайян намудани рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор кормандони соҳаҳои касбу кори гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд”, – омадааст дар хабар.

Чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад. Барои ин чорабиниҳо то соли 2026 ба сурати умум ҷудо гардидани ҳудуди 15,6 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо аз Буҷети давлатӣ ва “дигар сарчашмаҳо” ҷудо карда мешаванд.

Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ 86-умин иди расмӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Аз ҳамаи 86 рӯзҳои иди расмӣ танҳо дар 9-тоаш рӯзҳои истироҳат эълон шудааст:

1 январ – Соли нав;

–  8 март – Рӯзи модар;

21-24 март – Ҷашни байнулмилалии Наврӯз;

9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

9 сентябр – Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон (ҳар сол аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба умури дин муқаррар карда мешавад).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...