Рекорди Роналду ва ҷароҳати Неймар

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

24-уми ноябр, бозиҳои охирини даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар ба анҷом расиданд, ки дар он тимҳои гурӯҳҳои G ва H вориди рақобат шуданд.

Гурӯҳи G

Швейтсария – Камерун – 1:0

Дар қисми аввали бозӣ мунтахабҳои Швейтсария ва Камерун чандон рақобати ҷиддӣ надоштанд. Аммо дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми бозӣ Эмболо Брил ҳисобро барои мунтахаби Швейтсария кушод. Ҳамин тавр, то охири бозӣ ҳарду тим ягон гол назаданд. Дар маҷмӯъ 51 дарсади туб дар идораи тими Швейтсария ва 49 дарсад дар идораи тими Камерун буд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 бо пирӯзии швейтсариҳо ба поён расид.

Бразилия — Сербия — 2:0.

Мунтахаби Бразилия бо 58 дарсади идораи тӯб ва дубли Ричарлисон 2 тӯбро ба дарвозаи Сербия ворид кард. Тими миллии Сербия талош кард то ҳисобро барои худаш боз кунад, аммо ҳуҷумҳояш бебарор анҷомиид. Тими Сербия 42 дарсад тӯбро дар даст доштанд. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 бо пирӯзии Бразилия ба поён расид, аммо мухлисони ин дастаро ҷароҳати бардоштаи яке аз беҳтарин бозигарони даста – Неймар озурда кард. Ҳоло маълум нест, ки ҷароҳати Неймар то куҷо ҷиддӣ аст ва оё ӯ метавонад дар бозии оянда иштирок кунад ё не.

Дар гурӯҳи "G" Бразилия ва Швейтсария 3 имтиёзӣ ба даст овардаанд. Мунтахабҳои Камерун ва Сербия бошад пас аз даври аввал ҳоло имтиёз надоранд.

Гурӯҳи H

Уругвай – Кореяи Ҷанубӣ – 0:0;

Тимҳои Уругвай ва Кореяи Ҷанубӣ тақрибан дар як сатҳ бозӣ карданд. Агарчи кореягиҳо талош карда бошанд ҳам бенатиҷа анҷом ёфт. Бозӣ мусовӣ ба поён расид.

Португалия — Гана — 3:2

Талошҳои мунтахабҳои Португалия ва Гана дар қисми аввали бозӣ ноком буд. Гарчанде бисёриҳо интизор доштанд, ки португалиҳо ҳисобро дар қисми аввали бозӣ мекушоянд, аммо қисми аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт.  Дар дақиқаи 65-уми бозӣ Роналду аз пеналтӣ ҳисобро барои тими Португалия кушод. Ин голи рекордии Роналду буд. Ӯ ягона футболбозе шуд, ки дар панҷ ҷоми ҷаҳон пайиҳам гол мезанад.

Тими Гана дарҳол дар дақиқат 73 голи ҷавобӣ заданд ва ҳисобро баробар карданд. Бозигарони Португалия Феликс Ҷоао дар дақиқаи 78  ва Леао Рафаел дар дақиқа 80 гол заданд. Дар дақиқаи 89 Букари Осман бо голи худ, ки хашми Роналдуро овард, ҳисоби тими миллии Ганаро 2 кард. Довар 9 дақиқа илова кард ва дар вақти иловагӣ ҳарду тим сахт кӯшиш карданд то аз фурсат истифода баранд. Португалиҳо 68 дарсади тубро илора карданд ва тими Гана 32 дарсад. Бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба поён расид.

Дар гурӯҳи «H» Португалия бо касби 3 имтиёз пешсаф аст. Ҷойҳои дуюму сеюмро Уругвай ва Кореяи Ҷанубӣ касб карданд (ҳарду тим 1-имтиёзӣ доранд) ва Гана дар ҷойи чаҳорум қарор дорад (0).

Имрӯз, 25-уми ноябр, даври дуюми бозиҳои гурӯҳӣ оғоз мегарданд. Мухлисони футбол метавонанд бозиҳои зеринро тамошо кунанд.

Эрон ва Уэлс -15:00

Қатар-Сенегал 18:00

Нилерланд-Эквадор 21:00

Англия-ИМА 00:00

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...