Тарҷумаҳои русии “Шоҳнома” таҳқиқ шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Абдурашид Самадов, адабиётшиноси шинохта, китоби ҳамосаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдасиро дар тарҷумаҳои забони русӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, китоби нави худро таҳти унвони ““Шоҳнома” дар Русия” ба табъ расонидааст. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар китоб оид ба таърихи тарҷумаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдасӣ ба забони русӣ сухан меравад. Муаллиф дар мақолаҳои ҷудогона аз таърихи тарҷумаҳои “Шоҳнома” аз ҷониби Л.Пенковский, В.Жуковский, М.Зотов, С.М.Соколов, М.Лозинский, В.Державин, И.Селвинский, В.Левик, К.Липскеров, Е.Звягинсева, С. Липкин, Р.Ашкинадзе ва С.Б. Бону – Лоҳутӣ ҳарф зада, нақши Бонуро дар иҷрои ин амр бориз ва тарҷумаи ӯро намунаи муваффақ арзёбӣ кардааст.

Китоби мазкур аз бобҳои ““Шоҳнома” дар сарзамини рус”, “Ситсилия Бону – Лоҳутӣ ва соярӯшанҳои тарҷумаи “Шоҳнома” ба забони русӣ”, ““Шоҳнома” ва шоҳномапажӯҳон”, “Ҷусторҳо дар “Шоҳнома”” иборат аст. Инчунин, китоби мазкур 18 зербоби дигарро дар бар мегирад.

Сарсухани ““Шоҳнома” дар Русия”-ро Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшинос ва узви вобастаи АМИТ, навишта, гуфтааст, “асари А. Самадов дорои маводи фаровон, мушоҳидаву мулоҳизаҳои ҷолиб ва андешаҳои амиқи илмӣ буда, иқдоми муҳимме дар шинохти “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва робитаҳои адабӣ ба шумор меравад”.

Дар ин асари таҳқиқотӣ саҳми бузургу мондагори Ситсилия Бону дар тарҷумаи “Шоҳнома” мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифта, зикр шудааст, ки ин пажӯҳишгар бо маслиҳату машварати Абулқосим Лоҳутӣ ба тарҷумаи ҳамоса машғул шуда, тақрибан 50 соли умрашро ба ҷодаи пурифтихори илм бахшидаааст.

Ёдовар мешавем, ки Абдурашид Самадов пажӯҳишгар ва тарҷумони шинохта буда, муаллифи китобҳои “Анварӣ”, “Инсони комил” ва “Гулназарнома” мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...