“Бартарафсозии духӯрагиҳо дар қонунгузорӣ”. Лоиҳаи Кодекси иттилоот барои қабул ба парлумон фиристода шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 28-уми ноябр, лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ бо ҳайати созмонҳои байналмилдалӣ ва ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносони тоҷик дар Душанбе рӯнамоӣ гардида, барои қабул ба Парлумони Тоҷикистон фиристода шуд.

Лоиҳаи кодекс аз дебоча, 9 боб ва 100 модда таҳия гардида, ҳама қонунҳои соҳаи иттилоотро дар кишвар ҷамъ овардааст ва дар сурати қабул гардидан, гуфта мешавад, яке аз нахустин кодексҳои иттилоотӣ дар минтақа хоҳад буд.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва яке аз ташаббускорони лоиҳа, зимни суханронӣ гуфт, ғояи таҳияи кодекс соли 2018 аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод гардид ва аз сӯи Кумитаи порлумон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дастгирӣ ёфт.

“Лоиҳаи кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва принсипҳои соҳаи иттилоотиро муқаррар карда, муносибатҳои иттилоотиро ба танзим медарорад. Ҳамчунин, он вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян намуда, ба тадбиқи ҳуқуқи дастрасӣ, ҳифзи иттилоот ва муқаррар кардани реҷаҳои ҳуқуқии иттилот равона карда шудааст”, – гуфт Нуриддин Қаршибоев.

Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи порлумон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот аз кӯҳна шудан, таркор гардидан ва гоҳо мухолифати моддаҳои гуногуни қонунгузории кишвар гуфта, зарурияти қабули чунин қодексро мақбул донист.

“Лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ аз ҷониби парлумони Тоҷикистон мақбул дониста шуда, то ба имрӯз бо ҳайати вижа ва намояндагони васоити ахбори омма дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб рӯнамоӣ гардида, назар ва пешниҳодоти гуногун ба инобат гирифта шуд ва такмил гашт”, – гуфт Саидмурод Фаттоҳзода.

Сарвар Холиқзода, намояндаи вазорати адлия ва аъзои гурӯҳи кории омодасозии лоиҳа, дар навбати худ афзуд, иқдоми мазкур духӯрагиҳо дар қонунҳои қаблиро аз байн хоҳад бурд.

Ӯ илова намуд, ки қонунҳо дар бораи иттилоот дар солҳои гуногун қабул шуданд ва аз ин рӯ, баъзе мухолифатҳои байни меъёрҳо пеш омадаанд ва дар ҳолати татбиқ намудан истеъмолкунандаро дар ҳолати шубҳа меоварад.

Дар ҳамин баробар, Умрулло Меликов, доктори илҳои ҳуқуқшиносӣ ва узви ҳайати кории лоиҳа, рӯнамоии мухтасаре аз лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ анҷом дода, гуфт, қабули қодекси мазкур аз корҳои хубе дар ин замина буда, он на танҳо барои журналистон, балки барои шаҳрвандон низ равона мегардад.

“Ин кодекс нусхабардорӣ нашудааст ва болои ин лоиҳа мо ҳудуди 5 сол кор кардем. Дар шакли аввала кодекси мазкур бо 15 боб ва 247 модда омода шуд, вале бо омӯхтани беш аз пеш онро таҳрир намуда, билохира ба 9 боб ва 100 модда иктифо намудем”, – гуфт Умрулло Меликов.

Лиҳаи Кодекси иттилоотӣ дар ҳайати гуногун мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, ба таври расмӣ ба Порлумони Тоҷикистон фиристонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...